Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
бо ҳамин ҷӯҷанӯлию шаттоҳият ту дар ҳеҷ куҷо рӯз намебинӣ. Аз омаданат ду рӯз нашуда дар ҳавлиатон ҷанҷол, фиғони янгаат дар осмон. Рӯзи вайро ҳам сиёҳ кард.— Зани ҳамсоя вайро бо Меҳрубон тела дода аз ҳавлиаш бароварда дарвозаашро пӯшид.— Рав, гуму гӯр шав, дигар ба хонаи ман қадам намон, шӯҷалоб...— гуфт.
Ана ҳамин тавр бо кӯдаконаш рӯзаш бад шудааст, дар хонаи падар ҳам минбаъд зиста наметавонад. Чӣ кунад?
Падараш аз боғ бо чеҳраи кушода баргашт. Ягон хабари хуш шунидагӣ барин. Аз забонаш қанду асал мерезад. Мегӯяд, ки Мушарраф кор накунад, рӯзи ӯ, бачаҳояшро мегузаронад, ӯ зинда, намурдааст. Байту ғазали нав сар кард. «Туро ба ихтиёри худам ба шавҳар медиҳам», мегӯяд... Аз афташ ягон каси бадил ёфтааст, меҳрубон шуда монданаш бесабаб нест.
Падараш ба хона меҳмон овард. Се нафар буданд онҳо. Дуяшон мӯйсафед, сеюмӣ ҷавонмарди тахминан сиюпанҷ-чилсолае. Дар сар телпаки сиёҳи қиматбаҳо, рӯяш калони пурра. Либосҳояш зебанда.
— Дар рӯи суфа ҷо парто,— гуфт падар ба Мушарраф. Худаш гилем овард, кӯрпачаҳоро аз дасти модари Мушарраф гирифта ба ӯ медод. Ӯ гилемро паҳн кард, якаандозҳои зебои атласро ба чор сӯи суфа партофт, болиштҳои гулнокро ҳар ҷо-ҳар ҷо рӯи ҳам монд.
— Марҳамат,— меҳмонҳоро, ки дар таги дарвозахона меистоданд, ба болои суфа таклиф кард падараш.— Аз хона ҳамин ҷо беҳтар а? Офтобрӯя,— муроҷиат намуд боз ба одамони ношинос.
— Ҳа, камтар гарм шавем. Ин офтобу гармиҳо ғанимат, имрӯз-пагоҳ зимистон даромада барф паси дарро мегирад,— гуфт яке аз меҳмонҳо.
Болои суфа ҷойгир шуданд. Падараш дастҳо пеши бар бори дигар меҳмонҳоро аз таҳти дил «хуш омадед» гуфту ба Мушарраф супориш дод: нону чой биёрад, хӯрок пазанд.
— То бегоҳ падараш дар пеши меҳмонҳо гӯё ба по рост монда буд. Чӣ чизи хӯрдание, ки доштанд, ба назди онҳо мекашонд, чойники чой холӣ нашуда, ҷои гарм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё