Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
доб аст, мусофирӣ мекашад... Ақаллан кӯчаҳои деҳаро намедонад, роҳгум мезанад... Боз рӯз намедиҳанд ӯро... Худоё, рӯзи бади бачақакаш дар сари онҳо, ба ғам ғалтанд».
— Кӣ туро зад, бачам? Кӣ? — Пеши чашмони модарро сиёҳӣ гирифт. — Гӯй, гирья накарда гӯй, — мепурсид аз ӯ модар.
— Бачаҳои ҳамсоя. Аз пушти хонаи мо нагузар мегӯянд, роҳ намедиҳанд. Сумкаамро кофтанд, китобҳоямро даронданд, ручкаамро шикастанд... Акнун ман китоб надорам чӣ мекунам? Дигар мактаб немеравам... Меҳрубон гириста-гириста сумкаашро пеши модар партофт.
— Кадом ҳамсоя? Канӣ, пеш даро, худоё хонаашон сӯзад, бачаҳошон дар деги оби ҷӯш ғалтад, аз ғам набароянд... Ба як сағераи ман рӯз намедиҳанд. Дод аз дасти ин мардум! Сағераҳоямро куҷо барам? Чӣ кор кунам?... — Меҳрубонро пешандоз карда Мушарраф аз ҳавлӣ берун рафт. Зани ҳамсояро ёфт, бо вай хеле бурду овард кард.
— Хола, о чиба вай бачаҳоятона ҷанг намекунед?
Бинед, онҳо ба сағераи ман чӣ кардаанд... — Мушарраф сар то қадами пури лои Меҳрубонро ба ӯ нишон дод.— Ба роҳаш гузаштан намемонанд, сагҳои гиранда барин.
— Ту чӣ мегӯӣ? Чӣ гап шудааст? — зани ҳамсоя
пештар омад.
— Мегӯям, ки бачаҳои шумо сағераи маро задаанд, бегуноҳ бе ҳеҷ гап! Сари ҷилави онҳоро гиред...
— Медонӣ чӣ, бева, хонаи ман омада тифлакони маро дуои бад накун, ки рӯзатро сиёҳ мекунам...
— Ҳам зӯрию боз пешхезӣ?.. Намебинӣ, вай ҷавонмаргҳои ту ба ин бачаи ман чӣ кардаанд? Намебинӣ?!
— Мушарраф ҳам паст наомад, Меҳрубонашро пештар ба ҷониби зани ҳамсоя тела дод.
— Чӣ мегӯӣ, ки барои ҳамин як сағераи аз паси ту омада косаҳои ширамро ҷанг кунам? Не, бачаҳоям ба ман азизанд, бесоҳиб нестанд, бо чор чашми ҳаётанд...
— Гуфтам-ку бачаҳои ту ҳам аз шарбати зиндагии кӯдакҳои ман чашанд, сағера, мӯҳтоҷ, дар ба дар шаванд...
— Ман ранги ту шӯҷаллоб нестам, худо аз ҳамин
падари фарзандонам ҷудо нашавам. Лекин худо хоҳад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё