Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
аз хона берун омад. Вай аз тиреза ба онҳо назар доштааст.
— Инҳоро ба вай ту харидӣ? — туфлиҳои пои Меҳрубонро ба шавҳараш нишон дод янгааш.
Абдувалӣ бо ранги рӯи заҳир, қомати хамида пеши хоҳараш меистод.
— Шарм намедорӣ? Як умр рӯи ҷо хоб, як пул даромад не. Ҳамон як сӯму ним сӯми бо нӯки сӯзан, ба гулдӯзӣ ёфтаи маро гирифта ба сағераҳои хоҳарат либос мехарӣ? Пои кӯдакони худат луч, шикамашон гурусна...
— Дурӯғ нагӯй...
— Боз мана дурӯғ нагӯй ҳам мегӯӣ? Тӯҳмат мекунӣ? Манам, ки бо ту «йигити оёну¹ намоён, марди хушхарид»,— киноя зад ба ӯ,— сар сахт карда гаштаам. Зани дигар мебуд, кайҳо аз рӯи ту безор шуда баромада мерафт, туро касалбонӣ намекард. Ба ҳамин ҳолат имрӯз барои ту боз хоҳарат хуб, ту ғами сағераи вайро мехӯрӣ, бо пулҳои ман ба вай пойпӯшӣ харидӣ... Хоҳарат бошад, бо ман қаҳрӣ, рӯяш аз ман гаштааст, лекин бо пулам, бо ту оштӣ. Канӣ вай патинкаҳоро аз поят каш, зуд. Тағои ту ҳоло пулёб нашудааст, барор!— Аз Меҳрубон талаб кард янгааш.
Туфличаҳои Меҳрубонро гирифт, шавҳарашро беобрӯ кард. Абдувалӣ пеши апааш шарманда шуд, ҳарфе ба забон оварда наметавонист, чи хеле мегӯянд, обе наёфт рӯй шӯяд. Аз Мушарраф бошад, гӯё қолиб монда буд. Ба бачаҳаки эркааш чӣ ҷавоб гӯяд? Пойҳояш уръён, рӯ ба рӯяш меистод.
Меҳрубон ҳоло ҳам бо ҳамон ботинкаҳои кандааш мактаб мерафт. «Оча, шумо кай пул мегиред?» — мепурсад. «Мегирам, бачам, ба ту ҳама чиз мехарам, пул медиҳам», модар таскинаш медиҳад.
— Пул надиҳед, оча, дадаҷон мегуфтанд, ки пулбоз нашав... Боз насиҳатҳои падарро ба хотир овард Меҳрубон.
Ҳафтаи гузашта либосҳояш дар даруни лой, сару рӯяш пури хун аз мактаб омад Меҳрубон. Нолаю шеванаш кӯчаҳоро гирифта буд. «Вой мурдам! Вой мурдам!» — мегуфт ба такрор. Ҳикак дар банди дилу ҷигараш нишаста. Ҳуш аз сари модар парид. «Бачаашро задаанд? Ба холаш намегузоранд, худаш силу зар-
1 Зебанда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё