Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
бобои Меҳрубон дар дил нисбат ба падари ӯ адовати зиёд дошт... Меҳрубон, ки ин ҳарфҳои бобояшро бисёр шунида буд, ба ӯ ҷавоб нагуфт, вай ҳамон ҳиқ-ҳиқ мегирист.
— Дам шав, маро асабӣ накун,— дӯғ зад бобояш.
Меҳрубон акнун дарун-дарун мегирист, бо овози баланд не, «ҳой-ҳой» гириста наметавонист, ғурбат мешунид, ин ҷо хонаи худашон не, ҷои «бегона». Дили модар ба ҳоли писаракаш реш мешуд. Баъд... Меҳрубон ботинкаҳояшро аз пой кашид.
— Ана бинед...— пеши модар ҳаво дод онҳоро.
— Моҷона гирам, навашро мехарам, бачам,— модар ӯро осуда кардани шуд.
— Шудан мегирад, патинкаи нава падараш харад, бобо кинаҳои дар дил доштаашро гӯё ба ҷои падар аз тифли ӯ меситонд, раҳми ӯро хӯрдан намехост.
Модар ҳис менамуд: барои Меҳрубон бо либосҳои кӯҳна, пойафзоли дарида мактаб рафтан душвор. Сол у замони серӣ, либосӣ ҳам, хӯрокӣ ҳам бисёр... Сари меҳҳо аз либос бор овардааст, сандуқҳо пур-пури либос. Бачаҳо қариб ҳар рӯз либосҳои ранги ба ранг пӯшида мактаб мераванд. Ботинкаи Меҳрубони ӯ бо-шад, дарида, ангуштҳои пояш метобанд. Шарм медорад. Вале Мушарраф пул надорад, чашмаш ба як тин чор. Барвақттар ба кор медаромад, беҳтар буд. Боз як ҳафтаи дигар мегузарад, ки баъд ба ӯ маош медиҳанд. Мегӯянд, ки аз худат монӣ, аз олам мемонӣ. Пеши кӣ барои се-чор сӯм қарз пурсидан равад?... Додараш Абдувалиро ҷеғ зад. Шарм дошт, зери обу арақ монда боазоб мақсадашро ба забон овард. Гуфт, ки пойафзоли Меҳрубонаш даридааст, мактаб рафта наметавонад... Соате гузашт. Абдувалӣ аз магазин барои ӯ туфлӣ харида овард, пошнаҳояш баланд, суп-сурх.
— Тағоят оварданд! — Туфлиҳои навро ӯ пеши писараш монд.
— Пӯш, бачам,— хурсанд шуда буд Мушарраф. Меҳрубон бо шодӣ онҳоро пӯшид, бандҳояшро гузаронд.
— Ташаккур, тағо,— гуфт Меҳрубон.
— Боадаб-а? — хандид Абдувалӣ.
— Падараш рӯз то бегоҳ пеши онҳо китоб мехонд, насиҳат мекард, ақл ёд медод,— гуфт Мушарраф.
Апаю додар миёни ҳавлӣ сӯҳбат доштанд, Меҳрубон пойафзолҳои наваш дар пой гирди онҳо мегашт. Янгааш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё