Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Мушарраф ҳар рӯз чандин бор дар масъалаи аз ҳамдигар ҷудо шудани зану шавҳар далелу бурҳонҳо мешунид. Ҳама ба ӯ насиҳатгӯ, ҳама дар ғами ӯ. Мегӯянд, ки зиқ нашавад, ғам нахӯрад... ба шавҳар барояд. Ин қадар «бачаҳом, бачаҳо» ҳам нагӯяд, ғами худашро хӯрад. Пагоҳ бачаҳояш дар гӯри ӯ намедароянд, ҷавониаш, зиндагиаш меравад, пушаймон мешавад... Не, худо нишон надиҳад... Тифлаконаш ба ӯ ҳамроҳанду ӯ зиндааст. Вай бо онҳо бошад, дар ҳеҷ гӯшаи дунё худашро танҳо ҳис намекунад, фарзандон — ҷигаргӯшаҳояш қуват, мадори дили ваянд... Онҳоро бинад, дунё ҳам аз хотираш фаромӯш мешавад... Аммо, чӣ хеле мегӯянд, чӯҷақаҳояш дар хонаи падар рӯз намедидагӣ барин. Ҳамаашон баҳудаю беҳуда ба сари онҳо сиёсат мекунанд, озод наянд, дастнигар шудаанд, мӯхтори гапи нағз... Ба бепадар буданашон таҷ доданд. Дар миёни бачаҳои падару модардор барроқӣ¹ не, гарданҳояшон каҷ. Як чӣ гумкардагӣ барин. Нагӯянд ҳам маълум, дар фироки падаранд, аз меҳрубонии ӯ маҳруманд. Меҳрубон бачаҳаки калон, аллакай ақлаш ба ҳама чӣ мерасад, дирӯз вақти мактабравӣ, шиму костюмашро ба даст гирифта хеле ба онҳо нигоҳ кард: даридаанд, кӯҳнаю бенур шудаанд, рангашон паридааст, гӯшакҳои ботинкаҳои пояш ҳам кандаанд... Ӯ ҳамин либосҳояшро пӯшида мактаб рафт... Мактабравиаш ҳам барои модар як азоб, балои ҷон. Меҳрудон дар ноҳия бо муаллим, ҳамсинфони худаш одат карда буд. «Куш, пӯстамро гиру ман дар ин мактаб намехонам,— мегуфт ба модар.— Бачаҳои синфамонро намешиносам, онҳо ба ман ҷӯра не, муаллими худамон нағз буданд»... Албатта модар Меҳрубонро ба ихтиёраш нагузошт, бо ҷанг, бо сиёсат ӯро ба мактаб бурд, «аз мактаб намон», таҳдидаш кард.

Дирӯз вай аз мактаб баргашта сумкаашро аз китфаш гирифта ба миёни хона хаво дод.

— Оҳиста! — бобояш сарзаниш кард ӯро.

— Чӣ шуд ба ту, Меҳрубонҷон? — модар сарашро сила намуд.

— Бачаҳо маро додо надорӣ, ту сагераи бепадар гуфтанд,— ҳиқ-ҳиқ гирист Меҳрубон.

— Рост, ту падар надорӣ, додои ту мурд, дирӯз хабари маргаш омада буд, таги мошин монда будааст,—

  1. Сарбаланду хурсанд.
пешина
аз 399
навбатӣ