Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
тантани худаш баланд гашт:— Рӯяшро сиёҳ карда будааст вай бева. Мулло Маҷидро бало назад, намурд, ҳоло бинӣ, той барин, ҳингирос зада гаштааст, думи хукро меканад. Агар Мушарраф ба ман гӯш диҳад, гӯяд, ки дар оянда рӯзу рӯшноӣ бинам, ана ҳамин Мулло Маҷидро мегирад, аз вай роҳат мебинад, ба сараш мушт зада об мехӯрад. Така бошаду шир диҳад. Чӣ мекунад вай ҷавонҳои навбаромад, тойхарҷаҳои мӯйсардорро. Сару фукашон ҳамвор, бурукҳои ҷинс мепӯшанду дар кисаҳо як тин не. Вай шӯи худаш ҳам ҳамин хел буд. Мушаррафҷон, чӣ гуфтӣ? Биё ҳамин Мулло Маҷидро гир, аз даст надеҳ,— боз таъкид кард зани бобои Раҳмон.
Бо ангуштонаш Мушарраф наҳҳои гилемро гӯё мешумурд. Хомӯш буд: ҷавоби аҳмақ сукут, ба хулосае омад, ҳайф донист, ки ба ӯ чизе гӯяд. «Биё, наранҷонамаш» дар ҳамин фикр буд ӯ.
Лекин вай хомӯш наистод. Чанд нафари дигарро боз ном бурд:
— Зани бригадир — амаки Шоҳон рӯи ҷо, зангир будааст, аз Мушарраф мувофиқаш не... «Ҳа», гӯяд, ӯро гирад. Худо хоҳад, баҳташ метобаду чор рӯз пас зани ӯ раҳматӣ мешавад. Ана, баъд Мушарраф соҳиби хонаю дар... Кӣ бибизан? Мушарраф бибизан.
Давлатмуроди ҷангалбонро ҳам ном бурданд. Бодавлат, ҳама чиз доштааст фарзанд не... Як беваи фарзанд кардагӣ мекофтааст... Шукри Худо Мушарраф зани зоё. Худи Давлатмурод соҳиба шуда омадани Мушаррафро шунида аз шодӣ арғушт рафтааст, қад-қад паридааст. Мушарраф «Ҳа» гӯяд, занашро сур мекардааст.
— Чӣ гуфтӣ, Мушарраф? Розӣ шавӣ худам ба миён медароям. Ҳамин ҳозир аз ҳамин ҷо мехезаму хонаи Давлатмурод меравам. Он тарафаш ҳимматат медамад, курта мекунӣ, намекунӣ, ихтиёрат... Гуфтам ку дар қишлоқ ҳоло аз ҳамин Давлатмурод бою бадавлаттар касе нест, дастархондор, хонаи чӣ бихӯраму чӣ бигирам... Хурсанд мешавӣ, давлататро пешпо назан — зани бобои Раҳмон аз вай боз ҷавоб пурсид.
— Ман дигар шӯ намекунам, холамоҳ, шукри бачаҳоямро мегӯям,— ботамкин, оташин нашуда ҷавоб дод Мушарраф.
— Ғами бачаҳош дар дилаш,— илова намуд модараш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё