Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ғам мехӯрад? Барои ҳамон шӯи безебаш? Пурт. Вай ҳам одаме буд, ки... Як сиёҳи мазанг, бесуюк... Бандаи бадавлат будай, ки худо туро аз вай ҷудо кард... Э шукр гӯй, оши худой кун,— кадом як зани дигар ӯро ҷанг кард, сухани ба даҳонаш омадаро дар ҳаққи Нозимӣ гуфт.

— Аз аввал ҳам Мушарраф ба вай муносиб набуд, беаклӣ кард, ба гапамон надаромад... Вагарна вай шӯи Мушарраф набуд. Ҳоло ҳам Мушарраф аз сад духтар хушрӯйтар аст... Ба вай рӯй бину мӯй, каду қӯмат бину... Боз занаки бачакун... Ба худо сад кас ба ӯ харидор... Мардҳои қишлоқ хабари аз шӯяш ҷудо шудани Мушаррафро шунида шодикаф шуданд, ҳама девона... Ба дилашон қошук метарошанд, ки вай зани онҳо бошад. Инаш, ки ман гирам, ваяш, ки ман, харидор аз сараш боридааст, ҳама паропар,— гуфт зани бобои Раҳмон, ки ҳамон рӯз аз поёни қишлоқ дар як дастархон ду нону мавиз гирифта ба хабаргирӣ ва ҳолпурсии вай омада буд.

Ташрифи ӯ ба Мушарраф нафорид, сухани хушу нек, одобро намедонистааст. Аз забони ӯ ҳақорату ҳарфҳои таҳқиромези зиёд шунид, рӯю риоя надоштааст. «Ҳамаи мардҳои қишлоқ паропар, инаш, ки ман ваяш, ки ман гирам», мегуфтаанд Мушаррафро... Тавба, вайро чӣ хаёл карда будаанд... «Инаш, ки азони ман, ваяш, ки азони ман...» Ба ҳамин дараҷа Мушаррафро зани даст ба даст мегузаштагӣ пиндоштаанд. Бекадр, лакак1 шуда будааст, ҳар саг даҳон мезанад. Агар ин зан рост гӯяд, номи ӯ дар забони ҳама. Дар як пиёла чой нӯшидан ӯ Мушаррафро ба даҳҳо одам саъй кард, чанд шавҳар дод. Якеи онҳо Мулло Маҷид ном доштааст. Ӯро Мушарраф медонад. Аз хотираш нарафтааст. Ҳамон солҳо муаззини масҷид буд. Як сулфааш наомад, қариб як пиёла чой нӯшидан пуҳ-пуҳ месулфид, нафасгардон, сиёҳу кабуд мешуд. Мушаррафино сумкаи китобҳояшон дар даст аз назди вай мегузаштанд, ба мактаб мерасиданду пуҳ-пуҳи сулфай вай дар гӯшашон. Пуҳ-пуҳ... Дилу ҷигараш гӯё аз даҳонаш наомад.

— Занаш Мулло Маҷидро партофта рафт, «касал аст, мемирад» гуфт.— Зани бобои Раҳмон овозашро паст карда ба он зан таклид намуд ва баъд нидои му-

1 Зарфе, ки пеши саг обу хӯрок мегузоранд.

пешина
аз 399
навбатӣ