Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Либосҳояш тар шуданд. Вале Мушарраф гӯё роҳи рафтанашро намедонист, аз таги борон қадам намемонд...


Падараш аз боғ бо чеҳраи кушода баргашт.

— Мушарраф, шунидам, ба кор даромадай? — Ба мисли рӯзҳои пеш аз номзадияш ба Нозимӣ ӯ ба духтараш меҳрубон буд.

— Ҳа, додо, ба мактаб чеғ заданд, худи мудир.

— Чӣ гуфт?

— Кор мекунӣ? — пурсид, — «Ҳа», гуфтам. Ҷои як фаррош холӣ будааст.

— Хоб накардӣ, духтарам, мардум чӣ мегӯянд? Мегӯянд, ки мӯйсафеди Неъматулло духтарасро нон дода натавонист. Кор накунӣ, беҳтар. Рӯзат бо подшоҳӣ мегузарад, падар дорӣ, намурдааст.

— Ташаккур, додо, як кулба ёфта диҳед, ба бачаҳоям кордор нашаванд, хурсанд мешавам, — ӯ дар ҳайрат афтода буд, ки падараш аз чӣ ба ин дараҷа тағйир ёфтааст, ё касе сарзанишаш кардааст, насиҳат доданд...

— Гуфтам-ку ҳоло ман зинда туро бачаҳот катӣ хор шудан намемонам, ёфтаю тофтаи ҳамаамон азони худат мешавад... Акнун, духтарам, аз гапи худам набаро, ба касе, ки туро диҳам, мӯятро накаш, ин дафъа худам туро соҳиби хонаю дар мекунам, дуо медиҳам.— Падараш гапи ба шавҳар баромадани ӯро ба миён овард. Аз омаданаш, ё чи хеле мегӯянд, аз бева монданаш вақти зиёд нагузашта ин қадар ба вай талабгорҳо пайдо шуданд. Ба хаёлаш, ки тамоми калу кури деҳа гируми вай, аз мӯи сараш ҳам онҳо зиёд.

— Мушаррафҷон, акнун вай мухбирро аз хотир барор, бало ба пасаш, роҳаш сиёҳ гӯй. Фикри зиндагии худатро бин, шӯ кун, — занҳои ҳамсоя ҷамъ шуда, ба ақидаи худашон, ба бахшибонии вай сар карда буданд.

— Ҳамин қадар ки мегӯям, бас акнун, дигар ғами вай худозадаро нахӯр, аз хотир барор, обу адо шудӣ, ба оина нигоҳ кун, саги сӯзанхӯрда барин гаштӣ, эҳтиёт шав. Киро мегӯй? Насиҳат ба вай роҳ намеравд. Шабу рӯз кораш уф... уф... Худашро сӯзонда хо-кистар кард, ҷигараш пора шуд... Ман ҳам аз ғамҳои ин духтар силу зардобам, ба касал задам, шабҳо хоб нестам...— Шиква кард модараш.

пешина
аз 399
навбатӣ