Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ҷавониаш дар ин хона гузаштааст, бисёр лаҳзаҳои ширини умраш ҳам... Вай ҳоло ба чор бурҷи хонаашон назар андохта, аз он рӯзҳои рафта осор меҷуст... Вай ба деҳа, ба хабаргирии падару модар омада дар ҳамин хонача мехуфт, шавҳар дошт, дилаш пур, хотираш осуда... Шавҳарашро интизор. Интизор мешуд, ки кай ӯ ояду вайро аз хонаашон бубарад. Меҳрубон баъди як-ду рӯзи дар хонаи бобояш мондан ба «зуқ-зуқ» медаромад, зиқ мешуд, чашм ба роҳи падар.
— Оча, додом кай меоянд? — мепурсид аз ӯ. Гирья мекард. Ва чун хабари омадани падарашро мешунид, ё аз дарвоза намоён шудани ӯро медид, ба ҷонибаш метохт, «додо, додоҷон!» гуфта хушу ҷонаш тоза мегашт.
Аммо ҳоло чӣ? Ҳоло шабе, ки ба хонаи падару модар доимӣ омадааст, ба манзили худаш, ба онҳое, ки солҳо ҳамроҳ буд, ҳамсоя, бо ҳам муҳибу меҳрубон буданд хайрбод гуфта... Ӯ дигар он ҷо назди онҳо барнамегардад, ҳеҷ гоҳ, рафтанд он рӯзҳо... Писараш Меҳрубон ҳам бояд тоб орад. «Оча, додом кай меоянд?»
нагӯяд.
Бо қади ҳо ана он болор назараш ба сақфи хона рафт, ҷодар кашида буданд. Ҷодари арӯсии ӯ, аз бахмали сурхи ҷигарии баланд буд, оташпора барин пурҷило, ранг мегардонд, зебо, назаррабо. Ҳоло Мушарраф дар ҳамон ҷои ҷойхоби арӯсиаш бо Меҳрубону Мижгон дароз кашидааст, падару модар, хоҳар ҳам.
Аммо хоби Мушарраф намеояд. Чароғи пешайвон фурӯзон, аз паси пардаҳои ҳарири тиреза ба хона равшанӣ мезанад. Дар берун кӯчу банди ӯ. Ҳанӯз фурсати ба хона дароварда ҷо ба ҷо гузоштани онҳо нашудааст. Пагоҳ, пагоҳ корҳое дорад, аз мӯи сар зиёд...
Оҳиста аз назди тифлҳояш бархост. Нӯк-нӯки по аз хона берун шуд. Чӣ хеле мегӯянд, дар пешайвон фуқаш ба кӯчу каландаш заду табъаш нохуш гашт... Миёни ҳавлӣ истод. Осмон шираабр... Пораҳои абрҳо чун рӯймоли ҳарири сафеди сараш тунуктар мешуданд, болои осмони каб-кабуд дар шино. Аз паси онҳо ситораҳо метофтанд, паноҳ мешуданд аз чашм. Моҳи пурра миёни осмон хиргоҳ зада, якта-нимта борон меомад, қатраҳои он ба сару рӯяш мехӯрд. Ӯ пештар, миёни ҳавлӣ қадам мемонд. «Қатра бороне меборӣ, бибор...» суруде ба хотираш расид... Аз ким-кадом канори деҳа ҷокаке чок-чок дошт... Борон акнун авҷ гирифта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё