Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Сари бачаҳояш Меҳрубону Мижгон болои зонувонаш. Онҳо аз ҳамаи гапу ҳарф бехабар, бепарво, хоб буданд. Янгаи калонӣ ҳанӯз «мечакид», Мушаррафро гӯё бахшибонӣ мекард, ба худ омада наметавонист. Ниҳоят монда шуд, хаста гашт... Хобаш омад, ки аз ҷояш хест, овозаш гирифта буд... Рафт. Аммо аз хаёли Мушарраф нарафта буд, овозаш дар гӯшҳои ӯ садо медод. Аз шавҳараш ҷудо шуда, кӯдаконашро ба чӣ хонае овард. Ҳар рӯз ӯ ба вай, ба хурдакаконаш кӯза-кӯза зардоб медиҳад. Худи Мушарраф садқаи сар, лекин рӯзи Меҳрубону Мижгон сиёҳ, бахташон шӯр, як рӯз ду рӯз не, кӣ медонад, то кай...
Падараш аз дар даромад.
— Мушарраф дар ин хона рӯз бурда наметавонад, мардак, келин қиёмат андохт, ҳоло бачаҳои ӯ як лаби нони моро нашикаста, «нонхӯри тайёр» гуфт онҳоро, ғам гирифтааст ӯро...— Шикоят кард модараш.
— Келини калонӣ?
— Ҳа, боз кӣ мешуд?
— Бо вай ман чӣ карда метавонам? Худо худашро инсоф диҳад, созомадӣ кунетон, забон ёбед,— бобои Меҳрубон, аз афташ, кайҳо ба ӯ таслим шуда буд.— Вай нав акнун одам мешавад?
— Таъна назанад, дили духтарам бе ин ҳам зардоб аст, ранги бачаҳояш зард, оби испарак барин...— Модар ғами духтар ва набераҳояшро хӯрда аз мӯйсафедаш имдод хост.
— Гуфтам-ку занак, дар масъалаи вай аз ман мадад нахоҳ, шикоят накун, бас!— Бобои Меҳрубон чанд болиштро ба зери бағал кашида, дар як тарафи хона дароз кашид... Ҷуссаи бузургу босалобати падар як ними хоначаи хурдакакашонро пур карда буд...
[Модар аз чойник ба пиёла чой рехта ба Мушарраф дароз кард,] дастархони наздашро нав медид, ки нон шикаст, косаи хӯроки хунукшударо пештари ӯ монд. «Гир, духтарам, ягон чиз хӯр, бачаҳакоят гурусна хоб карданд, аз хотирамон рафтанд», таассуф хӯрд модар. Аз гӯшҳои Мушарраф овози янгаи калониаш дур мешуд... Хоначаи хурдакакашон ба назараш тофт. Тозаю озода буд. Болои зертахтаҳои тиреза тубакҳои гул, онҳоро Сулҳия сабзондааст. Ӯ ҳам худи Мушарраф барин. Солҳои мактабхониаш хуши ӯ ҳам ба гул, ҳам ба хонаю дар буд, гулҳои рангубаранг ёфта меовард, гулхона барин буд хонаашон. Давраҳои хурсолӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё