Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Бо як реза ҷонат ту ҳам бо ман лаб ба лаб мевашӣ? Худоё, рӯзи апаат ба сарат биёяд, зуд хонаи шавҳарат равию пагоҳӣ бийӣ. Э, бо шумоҳо саг соз намегираде... Апаат нағз мешуд, аз шӯ намебаромад, вай мардак ӯро сар дода зан намегирифт. Зоти бадатон дар гӯр... Домани одами боақл бамани шумоҳо расад, бурида мепартояд...

— Янга, беҳуда таъна мезанед. Айби ман нашудааст, вай зан гирифт, дилаш зани ёшу хушрӯйтар кашид, кӯдакҳояшро нигоҳ накард, партофта рафт, тоб овардам, тоқат кардам, нашуд, дигар наомад. Ба фикрам, худатон мефаҳмед, одами хурд нестед, солатон рафтааст. Ба шумо ман боз чӣ хел фаҳмонам?..— Мушарраф бо мақсади оташи ғазаби янгаашро паст кардан рӯзҳои аз сар гузарондаашро ба вай ҳикоя кардан хост, мехост, аз лаҳзаҳои аввали ба хонаи падар омадан гапашон аз ҳавлӣ набарояд... Вале янгаи ӯ аз ҷумлаи занони неку нағз набуд, ки ба дили реши ҳамчинсаш раҳмаш ояд, ба ғаму аламаш сарфаҳм равад... Як ба хархаша сар кунад, ба осонӣ ба роҳи сулҳу салоҳ намеояд... Чӣ хеле дар ҳаққи вай мегуфтанд, беандеша, бехуни рӯ буд ӯ.

— Таъриф накун худатро, Мушарраф, бо одаме ин хел булбулӣ кун, ки туро надонад, ту бачаи колонкардаи худамастӣ. Чӯҷанӯлӣ, шаттоҳӣ, мӯ барин гап гузарад, лабу даҳони одамро канда ба дасташ медиҳӣ... Чояш ояд, падаратро намешиносӣ, додарҳоятро баробари кучук намедонӣ, онҳо ҳама барои ту патаку пайтоба... Ба ихтиёри худат шӯ кардӣ, рӯ баровардӣ... Дар хона қиёмат хезонӣ... Дур не, ҳо ана вай рӯзҳо буд, аз хотири ҳеҷ кас нарафтааст, ҳама медонад, дина буд! Гуфтам-ку, ту мусичаи бегуноҳ нестӣ... Лекин ин сиёҳ-пичамарги хоҳарат аз худат даҳ лой гузарондааст, худоё, аз шарбати рӯзи худат чашад. Шӯ кунад, худат барин боз сараш кашол биёяд, шукр мегӯям, мурод металабам...

Ҳеҷ кас, занҳои ҳамсоя ҳам пеши даҳони янгаи Мушаррафро гирифта наметавонистанд. Ба қавли модар, ки келини калонӣ саг барин ба чакиш даромада буд. Дили ҳамаро сиёҳ кард, ба касе сухан надод. Чакиду чакид... Ҳамсояҳо яке паи дигар бархостанду рафтанд. Модарашу Сулҳия гӯйӣ сангҳои сари мазор бу-данд. Хомӯш, ҷуръати лом гуфтан набуд дигар онҳо-ро. Мушарраф ҳам чун онҳо. Такя ба девор дода буд.

пешина
аз 399
навбатӣ