Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Рухсораҳояш алов гирифтанд, пайкараш сӯхт. Суханҳои носазо нӯки забонаш омаданд... Астағфруллоҳ, гуфт. Ба ҳар ҳол ҷавоб гардонд: палтояшро аз тан кашида бо ғазаб ба рӯи тахти кӯрпаҳо ҳаво дод, пиёлаи дасташро ба тарафи девор партофт, шикаст, пора-пора шуд.

— Гапҳои ман ба Мушарраф нафориданд, фукаш тоб хӯрд,— авзои ӯро ҳис кард янгааш. Мушарраф ба вай гуфтани буд: бачаҳои ӯро сагера нагӯяд, баъд, онҳо ба ҳеҷ кас бори зиёдатӣ намешаванд. Замона серу пурист, давлат барои онҳо пул медиҳад, худи Мушарраф кор мекунад, пир нашудааст, қуввату мадор дорад, ба замми ин якумрӣ дар хонаи онҳо мондани нест... Хоҳад пагоҳ боз шӯ мекунад, соҳиби хонаю дар мешавад... Лекин бо ҳазор андеша истиҳола намуд, лаб фурӯ баст. Вай зани беандеша нест, аклашро нахӯрдааст.

— Барои бачаҳоят нафақа мегирӣ? — пурсид зани ҳамсоя.

— Ҳа.

— Аз куҷо нафақа мегирад? Вай шавҳари бадмасташро аз кор ҳай карданд,— янгааш аллакай аз ин гап огоҳ будааст, — дарди сари худамон, акаҳояш ба бало мондагӣ.

— Наҳаросед, янга, мо ба гардани ҳеҷ кас бор намешавем,— худдорӣ карда натавонист Мушарраф.

— Сол серӣ, келин, қиматӣ не, айб. Бачаҳои Мушарраф ҳоло як лаби нонатонро нашикаста сар кар-дед-дия...— Модараш ба сари келин хест.

— Дар омади гап гуфтам, ба шумо одат шудааст, ба ҳар ош қатиқ мешавед, саратон сафед шуду аз шӯрангезиатон намондед, ҷанг меандозед... Ман ғами шавҳарам — вай бачаи аёлманду касалии шуморо мехӯрам... Баъзан барои як сӯм чашмаш чор мешавад... Мӯҳтоҷ, дармондааст... Ана ҳамин хел бача доред, шумо, боз забонатон дароз... Хоҳари хурдии Мушарраф, Сулҳия назди дар Мижгонро сари зону гирифта менишаст, ба хархаша ҳамроҳ шуд.

— Шумо, янга, як умр ҳамин хелед: бахил, бахили сиёҳдарун, аз рӯзе шунидед, ки апаам меоянд, ба ғам афтодед, ҷои шишт намеёбед. Шумо ҳеҷ кадоми моро чашми дидан надоред, чуғз барин танҳоиро мехоҳед...

пешина
аз 399
навбатӣ