Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

дигар ҳама чиро медонам... Дар вақташ ҳам таъкид карда будам, ба ин одам ба шавҳар набароҳ, рӯз намебинӣ... Гуфтаи худам шуд...
— Ба гузашта салавот гӯед, додош, коҳи кӯҳнаро бод надиҳед, дили духтарам бе ин ҳам хун, обу адо шудааст, сӯхтааст...— ба ҳоли Мушарраф раҳми модар омад.

Аммо падар хомӯш намешуд, дилаш пуралам буд. Боз чизе гуфтанӣ буд, ки хайрият шуд, янғаҳояш дари хонаро кушоданд, ҳамсояҳо аз омадани ӯ бохабар шуда буданд. Хона аз ҳаққу ҳамсояҳо, аз хешовандону кӯдакон пур шуд. Падар ноилоҷ аз назди ӯ рафт... Чи хеле Мушарраф фикр карда буд, гапи аз Нозимӣ ҷудо шудани ӯро аз нав сар карданд, суол медоданду суол. Чашми ҳозирон ба ӯ. Аз вай мепурсиданд:

— Чӣ воқеа рӯй дод, Мушаррафҷон, о аз байни шумоҳо қил намегузашт, зану шӯи меҳрубон бубед, фарзанд ёфтед, хонаю дар гуфтед... Як зани ҳамсоя бо ӯ вохӯрда аз пешонааш бӯсид ва маҳтали ба ҷояш нишастанаш нашуда суол дод.

— Хонаи як ғунҷишкро вайрон карда чӯҷаҳои вайро чире-пире кардан убол аст. Касе дар ҳаққи ту душманой кардааст, бачам, аз ғайб ҷазо мебинад, худо мезанад ӯро, охи дили ятимаконат мегирад...

— Айби худат шудагист, бачам. Мардакатро, аз афташ, сарҳуй сар додӣ, вайро ӯҳда карда натавонистӣ.

— Вай зани наваш аз ту хушрӯй, нағзакак чӣ?

— Мардҳои ҳаминзамона булҳавасанд... Маҳтали як зани андакак сару фукаш ҳамвор, усмаю сурма задаро бинанд, хушашон меканад, девонаи ҳот мешаванд, зану кӯдакҳо аз хотирашон меравад.

— Ба хок рӯи ҳамин хел мардако.

— Рост мегӯед, аммо.

— Мушаррафи моя айби худаш ҳам ҳаст,— пас аз ҳамаи занҳои ҳамсоя янғаи калонаш ба таънаи ӯ за-бон кушод.— Дар вақташ ҳамаамон худамонро хӯр-дем, ки ин одам муносиби вай нест, вай одами шаҳр, идорашин, нозук... Мо иззаташонро ба ҷо оварда на-метавонем, биё, мон, нагир ҳамин бачаро гуфтем... Ки-ро мегӯй? Аз обхӯрӣ баланд дилаш об кашид. Гап-га-пи худам, гуфт. Ана оқибаташ: оби дидааш дар параи рӯ, ду кӯдакаш пеш-пеш омад... Сағераҳои вай мар-дак акнун дарди сари мо...

Андеша накарда рӯирост таъна зад ӯро янғааш.

пешина
аз 399
навбатӣ