Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
СОМОНИЁН ФАРҲАНГИ АҶДОДИРО
ПУШТИБОНИ МЕКАРДАНД?
Сомониён дар баробари эътиқодашон ба ислом ва таълимоти он урфу одот ва фарҳангу забони аҷдодии худро низ пуштибонӣ мекарданд. Онҳо ба забони модариашон мақоми давлатӣ дода, суннатҳои дерина ва ҷашну оинҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва амсоли инро бо рангу тобишҳои нав чун иду тантанаи умумихалқӣ ҷашн мегирифтанд. Бо пуштибонии Сомониён аз таъриху фарҳанги миллӣ «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ падид омад. Сомониён шаҳрҳои бузурги Бухоро, Самарқанд, Марв, Нишопур, Рай, Балх, Ҳирот ва амсоли ононро ба марказҳои бузурги илму фарҳанги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил доданд. Дар ин мадрасаву марказҳои илмӣ донишҷӯён баробари омӯзиши аҳкоми динӣ ба илмҳои ҷуғрофия, таърих, ҳандаса, риёзӣ, нуҷум, тиб ва ғайра низ ҷалб мешуданд. Пойтахти Сомониён шаҳри Бухоро мисли Бағдод ба дуюмин маркази илму фарҳанги ҷаҳони ислом табдил ёфта буд.
Аз замони ҳукмронии фарзанди Нӯҳ Абдумалик (954-961) давлати Сомониён рӯ ба заволу пастравӣ меорад.
Баъзе аз сарони сипоҳ ба корҳои давлатдорӣ даҳолат карда, вазъи мамлакатро ноором месохтанд. Сипаҳсолорони номдор Алптегин, Абуалии Чағонӣ, Фоиқ ва дигарон барои соҳиб шудан ба мансабҳои баланд ва рабудани молу мулк миёни ҳам ҷангу кушторро ба роҳ андохтанд. Аз зиддияту ҷангҳо ҳунармандону кишоварзон зиён дида, миқдори андозҳо бештар мегардиданд. Ҳамаи ин хушунату нооромиҳо сабаби заволёбии давлати Сомониён шуд.
Амирони Сомонӣ умури силоҳдорӣ ва лашкаркаширо ба ғуломони дарборӣ – сарлашкарони турктаборашон вогузошта, мартабаю нуфузи онҳо пайваста меафзуд ва ҳангоми зиддиятҳои дохилӣ ба пуштибонии онҳо умед мебастанд, ки ин бузургтарин хатои онҳо буд. Хатои дигари амирони минбаъдаи сомонӣ он буд, ки дар миёни хонаводаи онҳо якдиливу якмаромӣ пойдор намонда, барои ба қудрат расидан кашмакашу муноқиша ва даргириҳо мекарданд.
Хатои ниҳоии амирони охирини сомонӣ бо рӯҳониёну донишмандони исломӣ чандон муносибати нек надоштан буд. Ҳангоме ки соли 999 туркони қарахонӣ ба Бухоро ҳуҷум карданд ва Нӯҳи II ибни Мансур аз мардум барои ҳифзи Бухоро мадад хост, рӯҳониён сокинони шаҳрро аз ҷанг бо туркон ва ҳимояи Бухоро боз доштанд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи фатвои рӯҳониён, фориғболии мардум ва бетарафии баъзе аз ашроф давлати Сомониён аз байн рафт.
Писари дигари Нӯҳ – Мансур (961–977) давраи ҳукмронияшро дар ҷангҳои дохилӣ бо сарлашкарони саркаш сипарӣ кард. Инчунин ӯ барои нигоҳ доштани ҳудудҳои Хуросон бо баъзе сулолаҳои даъвогари ҳукумат меҷангид. Баъди ӯ Нӯҳи II ибни Мансур (977–997) низ бо сарлашкарони қудратхоҳаш Абулҳасани Симчур, Сабуктегин, Бектузун ва Тош даргириву зиддиятҳо дошт. Мансури II ибни Нӯҳ (997–999) ду соли ҳукмрониашро бо ҷангҳои хастакунандаи зидди сарлашкаронаш сипарӣ кард. Дар натиҷаи хиёнати онҳо, аз ҷумла Бектузуну Тошу Фоиқ ва мусоидаташон барои марзшиканию ҳуҷуми туркҳо аз ду самт давлати Сомониён барҳам хӯрд. Охирин намояндаи ин сулола Исмоили Мунтасир панҷ сол (1000–1005) кӯшиш кард, ки давлати Сомониёнро барқарор кунад, вале набарду кӯшишҳои ӯ бо шикаст анҷомид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё