Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

Сарвари шоирони дарбори Наср Рӯдакӣ буд. Рӯдакӣ чун сардафтари шеъру адаби форс-тоҷик бо шоирони ҳамзамонаш Муродӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Сипеҳрии Бухороӣ, Робиъаи Балхӣ, Маъруфии Балхӣ ва дигарон барои густариш ва ташаккули забони форсии дарӣ саҳми зиёде гузоштаанд. Дар замони Наср пуштибонӣ аз анъанаву маросим ва урфу одатҳои аҷдодӣ афзуд, ки шуҳрати Рӯдакӣ низ бештар ба давраи ӯ рост меояд.

Баъди марги Наср писараш Нӯҳ ибни Наср (943-954) ба тахт нишаст. Нӯҳ гирифтори таассуби номатлуб ва бо лашкариёни камсавод наздик буд, инчунин муҳити адабпарвару озодандеши замони падарашро хуш надошт. Ба ҷои вазире чун Балъамии хирадманд Сулламӣ ном мутаассибе ва дигар шахсони тасодуфӣ ба корҳои давлатдорӣ ҷалб шуданд. Пайравони баъзе мазҳабҳо таъқиб гардида, нуфузи озодандешону файласуфон ҳам коҳид. Давлати ягонаи Сомониён гирифтори зиддиятҳо шуда, баъзе саркардаҳои низомӣ, аз ҷумла Абуалии Чағонӣ – ҳокими Чағониён, ба марказ итоат намекарданд. Соли 954 Нӯҳ аз дунё рафт ва халифа сипаҳсолории Хуросонро ба Абуалии Чағонӣ супорид, ки ин боиси афзудани кашмакашу нооромиҳо дар қаламрави Сомониён гардид.

ДАСТОВАРДҲОИ
БУЗУРГИ СОМОНИЁН

Пас аз ҳуҷуми арабҳо мулкҳои Фарғонаву Суғд, Хоразму Усрушана, Хатлону Чағониён, Чочу Шумон гирифтори зиддияту парокандагиҳо буданд. Ин парокандагӣ раванди ташаккулёбии давлати марказиятнок ва халқи ягонаро ба таъхир меандохт. Пас аз давлатҳои маҳаллии Тоҳириёну Саффориён Сомониён тавонистанд, ки ин равандро бори дигар эҳё намуда, мулкҳои Хуросону Мовароуннаҳрро дар ҳудуди давлати ягонаи марказиятнок муттаҳид созанд. Сомониён низоми идоракуниеро ҷорӣ намуданд, ки дар давоми садсолаҳои баъдӣ барои истиқрори давлатҳои дигар мавриди истифода ва пайравӣ қарор гирифт.

Дар як сарзамин ва давлати воҳид муттаҳид гаштани мардумони Мовароуннаҳру Хуросон ба умумияти сиёсӣ, марзию ҷуғрофӣ, иқтисодӣ, забон ва дину фарҳанги ягона оварда расонид. Аз ин рӯ, мардумоне, ки қаблан худро суғдӣ, хоразмӣ, фарғонӣ, форс, тахорӣ, ҳиротӣ, бустӣ ва ғ. меномиданд, минбаъд дар як давлати умумию мутамарказ гирд омада, ба худ номи ТОҶИК-ро гирифтанд. Сомониён барои паҳн кардани ислом - идеологияи ҳукмрони давр бо забони модарии худ - форсии дарӣ талоши зиёде намуда, тавонистанд, ки онро то ба қисматҳои ғарбии Эронзамин интишор диҳанд ва ҳам барои густариши минбаъдаи он дар арсаи ҷаҳон заминаи бозэътимод гузоранд.

пешина
аз 395
навбатӣ