Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ИСМОИЛ ТОХТУТОЗИ ТУРКҲОРО
ЧӢ ГУНА ПЕШГИРӢ КАРД?

То замони Исмоил мардум атрофи шаҳристони Бухороро девор мекашиданд, то аз тохтутози кӯчманчиёни турк эмин бошанд. Боре мардуми Бухоро аз Исмоил рухсат хостанд, ки девори гирди шаҳрро таъмир кунад, то аз офати туркон дар амон бошанд. Исмоил мардумро аз ин кори душвору пурхарҷ озод намуда, гуфт: «то зиндаам, девори Бухоро ман бошам». Сипас туркҳоро аз гирду атрофи шаҳрҳо дур афканда, соли 893 ба шаҳри Тироз (Ҷамбули кунунӣ) лашкар кашид ва туркҳоро саркӯб намуд. Исмоил дар муддати кӯтоҳ роҳҳоро ободу бехатар намуда, дар роҳҳои корвонгарди миёни шаҳрҳо корвонсаройҳо сохт ва робитаҳои тиҷоратиро то Чину Ҳиндустон ва Арабу Рум вусъат бахшид.

УМУРИ ДАВЛАТДОРИИ ИСМОИЛ
ЧӢ ГУНА БУД?

Барои идора кардани кишвари паҳновар Исмоил Бухороро маркази давлат қарор дода, ба ободонии шаҳр рӯй овард. Ӯ ба вазифаҳои масъули давлатӣ шахсони донишмандро интихоб менамуд. Исмоил ба сохти давлатдории гузаштагон пайравӣ карда, дар Бухоро даҳ девон (вазорат) таъсис дода, мулкро бо ёрии онҳо идора мекард. Бо сарварии вазири кишвар ё худ ҳоҷиби бузург низоми давлатдорӣ ба роҳ монда шуда, иқтисодиёту тиҷорат, кишоварзию ҳунармандӣ, шаҳрсозию ободонӣ ва илму фарҳанг хеле пеш рафт. Исмоил ба забони модарии худ - форсии дарӣ меҳри зиёд дошт. Аз ин рӯ, коргузории давлатиро бо забони модарӣ ҷорӣ кард.

ПАС АЗ кушта шудани Аҳмад бо маслиҳати вазири донишманди Сомониён Ҷайҳонӣ писари ҳаштсолаи ӯ Насрро, ки бо номи Насри II машҳур аст, (солҳои 914-943) ба тахт нишонданд. Пас аз бузург шудан Насри II корҳои муҳими давлатиро бо маслиҳати вазирони донишманд Аҳмади Ҷайҳонӣ ва Абулфазли Балъамӣ ба сомон мерасонид. Наср тавонист, ки истиқлоли воқеии Хуросону Мовароуннаҳрро таъмин кунад. Дар аҳди ӯ Сомониён ба халифаи Бағдод дигар хироҷ намепардохтанд ва андози ҷамъгаштаро барои ободии мамлакат ва рушди илму фарҳанг сарф мекарданд.

пешина
аз 395
навбатӣ