Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАВЛАТИ
СОМОНИЁН

Давлати Сомониён сеюмин давлати бузурги аҳди исломии тоҷикон мебошад, ки он солҳои 875–999 дар Мовароуннаҳру Хуросон арзи вуҷуд кардааст. Саромади сулолаи Сомониён Сомонхудот мебошад.
Амирони сулолаи Сомониён Нуҳи ибни Асад (819–842), Аҳмад ибни Асад (842–864), Насри I ибни Аҳмад (864–892, аз соли 875 амири Мовароуннаҳр), Исмоил ибни Аҳмад (874–907, аз соли 892 амири Мовароуннаҳр ва Хуросон), Аҳмад ибни Исмоил (907–914), Насри II ибни Аҳмад (914–943), Нуҳи I ибни Насри II (943–954), Абдулмалик ибни Нуҳи I (954–961), Мансури I ибни Нуҳи I (961–976), Нуҳи II ибни Мансури I (976–997), Мансури II ибни Нуҳи II (997–999) мебошанд.

САРОМАДИ СУЛОЛАИ СОМОНИЁН КӢ БУД?

Саромади сулолаи Сомониён Сомонхудот ном дошт, ки дар музофоти Балх мезист. Насаби Сомонхудот чаҳор пушт пеш мутааллиқ ба сарлашкари номдори Сосониён Баҳроми Чӯбина буд. Сомонхудот дар наздикии Балх як деҳаи наверо бунёд кард, ки мардум ба он Сомон ном доданд ва дертар ӯ низ бо унвони Сомонхудот, яъне соҳиби деҳаи Сомон машҳур гашт. Набераҳои Сомонхудот ва писарони Асад – Нуҳ, Аҳмад, Яҳё, Илёс дар хидмати халифа шуҳрат ёфта, ҳокимони баъзе аз вилоятҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва баъдан асосгузорони давлати Сомониён шуданд.

ПИСАРОНИ АСАД ДАР КУҶО ҲОКИМ ШУДАНД?

Писарони Асад солҳои 809–815 барои пуштибонии Маъмун ва фурӯ нишондани ошӯбҳо дар Мовароуннаҳр хизматҳои зиёд карданд. Ба хотири ин хизматҳо ва оромсозии вазъи кишвар халифа Маъмун фармон дод, ки фарзандони Асадро ба шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр ҳоким гузоранд. Соли 819 Аҳмад ҳокими Фарғона, Нӯҳ ҳокими Самарқанд, Яҳё ҳокими Чочу (Тошканд) Усурушана ва Илёс ҳокими Ҳирот таъйин гардиданд. Ҳамаи бародарон ба амири Хуросон тобеъ буда, сарварии хонадонро Нӯҳ (819–842) бар уҳда дошт. Пас аз Нӯҳ ба ҷои ӯ Аҳмад ибни Асад (842–864) омад, ки дар миёни бародарон бо кордониву хирадмандӣ машҳур буд. Аҳмад ҳафт писар дошт: Наср, Яъқуб, Яҳё, Асад, Исмоил, Ҳамид, Исҳоқ.

НАХУСТИН ҲОКИМИ МОВАРОУННАҲР КИ БУД?

Писари бузурги Аҳмад Насри I ҳокими Самарқанд (864–897) буд, ки соли 875 халифаи Бағдод ӯро амири Мовароуннаҳр таъйин кард. Ӯ шаҳри Самарқандро пойтахт қарор дода, мисли падараш барои умури идории ягонаи давлатӣ кӯшиш менамуд. Дар он солҳо бар асари нооромиҳо мардуми Бухоро аз Наср талаб карданд, ки барои оромсозии вазъият ба шаҳрашон аз номи худ ҳокиме фиристад. Наср бародараш Исмоилро соли 874 ҳокими Бухоро таъйин намуда, ба он ҷо фиристод.

пешина
аз 395
навбатӣ