Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МУХОЛИФАТИ ЯЪКУБ
БО АББОСИЁН
Яъкуб мехост пойтахти хилофат – Бағдодро фатҳ намояд. Халифаи Аббосӣ Муътамид (870–899) аз ин азми Яъкуб ҳаросида, бо фармони худ Хуросон, Гургон, Рай, Форс, Кирмон, Синду Ҳинд ва соҳибшурати (сарлашкарӣ)-и Бағдодро ба ӯ мебахшад. Ӯ бидуни ҷанг ҳатто сарварии кулли хилофатро ба Яъкуб пешниҳод намуда, танҳо дар хутбаҳои намоз чун ҳомии дин ба зикр кардани номаш қаноат мекунад. Яъкуб пешниҳоди халифаро напазируфта, соли 876 бо сипоҳи гарон «рӯй ба Бағдод овард, то халифаро ҳалок кунад ва хонаи Аббосиён барандозад». Дар набарди шадид Яъкуб далериву ҷасорати бемонанд нишон дода пирӯз мегардад.
Вале бо дастури халифа дарғоти оби рӯди Даҷларо мекушоянд ва сипоҳи ғолибгаштаи ӯ аз офати сели бузург пароканда мешавад.
ЯЪКУБ БА НАМОЯНДАИ ХАЛИФА ЧӢ ГУФТ?
Яъкуб дар бистари беморӣ буд, ки намояндагони халифа расида, ӯро аз пешниҳоди халифа дар бораи сулҳ хабардор мекунанд.
Яъкуб дар ҳузури фиристодагон ба пешаш «тара (кабудӣ) ва моҳиву пиёзе чанд» гузошта мегӯяд: «Бирав, ба халифа бигӯй, ки ман марде рӯйгарзодаам ва аз падар рӯйгарӣ (мисгарӣ) омӯхтаам ва хӯрдании ман нони ҷавину моҳӣ ва тараву пиёз будааст ва ин подшоҳиву ганҷ ва хоста аз сари айёриву шермардӣ ба даст овардаам... Аз пой нанишинам, то хонадони туро вайрон накунам!» Ва Яъкуб ба сӯи Бағдод лашкар кашид, вале ба касалии кулинҷ гирифтор шуд (ё ба ӯ заҳр доданд) ва дар роҳ вафот кард.
МИЁНИ АМРИ ЛАЙС ВА ИСМОИЛ КӢ ИХТИЛОФ АФКАНД?
Баъди Яъқуб ба тахти Саффориён бародараш Амри Лайс (879–900) нишаст. Амр бар хилофи бародараш ба халифа Муътамид нома навишта, вафодориашро нисбат ба Аббосиён изҳор дошт. Халифа дар ҷавоб фармони ҳукумати Форс, Кирмон, Исфаҳон, Табаристон, Сиистон, Ироқи Аҷам ва шаҳнагии Бағдодро ба номи Амри Лайс содир кард. Ягона рақибе, ки дар қисматҳои шарқии хилофат ба Амр итоат намекард, Исмоили Сомонӣ буд.
Халифа Муътамид аз қудратёбии ду саркардаи эронитабор нороҳат гардида, барои дар миёни онҳо душманӣ афкандан ҳам ба Амр ва ҳам ба Исмоил фармони ҳукумати Мовароуннаҳрро фиристод. Дар натиҷаи ҷанге, ки байни ду пешвои қудратхоҳ сар мезанад, соли 900 Исмоили Сомонӣ лашкари Амрро шикаст дода, худашро асир мегирад. Бо ҳамин ҳукмронии Саффориён хотима ёфта, баъдан бо фармони халифа қаламравашон ба давлати Сомониён ҳамроҳ карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё