Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ДАВЛАТИ
САФФОРИЁН

Давлати Саффориён дуввумин давлати маҳаллии аҳди исломии тоҷикон дар Хуросону Мовароуннаҳр буда, миёнаи асри IX дар пойдевори давлати Тоҳириён қомат афрохт. Сулораи Саффориён дар заминаи ҷунбишҳои мардумӣ падид омада, тайи солҳои 873-900 дар фазои сиёсии Хуросону Мовароуннаҳр нақши хотирмоне гузоштааст.
Амирони номдори Саффориён Яъқуби Лайс (873-879) ва Амри Лайс (879-900) мебошанд.

Яъқуби Лайс дар бораи Аббосиён мегӯяд:

Давлати Аббосиён бар гадру
макр бино кардаанд. Набинӣ,
ки онҳо бо Бусалама ва
Абумуслим ва Бармакиён ва
Фазли Саҳл бо чандон
некуие, ки эшонро андар
давлати онҳо буд, чӣ
карданд? Набояд касе бар
эшон эътимод кунад!

ДАВЛАТИ САФФОРИЁНРО КӢ БУНЁД ГУЗОШТААСТ?

Бунёдгузори давлати Саффориён Яъқуби Лайс буда, ӯ айёрони Сиистонро дар атрофаш муттаҳид намуд ва ҳамроҳи бародаронаш Амр, Тоҳир ва Алӣ соли 861 Сиистонро забт кард. Яъқуби Лайс аслан аз хонадони мисгар буд ва дар муҳити ҷавонмардони Сиистон ба камол расида, се рисолати ҷавонмардӣ – сахо, сафо ва вафоро шиори зиндагиаш қарор дода буд. Ӯ аз рӯзҳои аввали ба саҳнаи сиёсат омаданаш чун ҷавонмарди қавииродаву ҷасур нуфузу шуҳрат ёфта, пай дар пай рақибони сиёсии худро нобуд кард. Дертар байни солҳои 862-866 музофотҳои Ҳирот, Пушанг, Балх, Бомиён то ба Форсро аз дасти ҳокимони Тоҳириён мерабояд. Соли 873 аз фориғболии Муҳаммад ибни Тоҳир – охирин амири Тоҳириён истифода карда, пойтахти онҳо ш. Нишопурро ишғол намуд. Яъқуб то лаҳзаҳои вопасини умраш муборизаҳои истиқлолхоҳиро идома дода, тамоми ҳастиашро барои ба даст овардани истиқлоли комили давлатӣ сарф намуд ва ҳам дар ҳамин роҳ ба ҳалокат расид.

ЯЪҚУБ ЧАРО ШАМШЕРРО ГУВОҲ ОВАРД?

Пас аз забти шаҳри Нишопур аз ӯ пурсиданд, ки аҳди халифаро дорад ё на. Пас фармуд мардум ва лашкар ҷамъ шуданд ва шамшер ба даст гирифта, бо овози баланд гуфт: «Амирулмӯъмининро ба Бағдод на ин теғ нишондааст? Гуфтанд: «Бале». Гуфт: «Маро ба ин ҷойгоҳ низ ҳамин теғ нишонид! Аҳди ман ва они амирулмӯъминин якест!»

ЧАРО ШОИРОНИ АРАБИГӮЙ КОҲИШ ШУНИДАНД?

Яъқуб бар хилофи Тоҳириён аслан арабӣ намедонист. Вақте, ки яке аз шоирони хушомадгӯй бо забони арабӣ шеъре навишта, Яъқубро ситоиш кард, ӯ нороҳат шуд ва иброз намуд: «Чаро бо забоне шеър мегӯяд, ки ман онро дарнамеёbam (намефаҳмам)?». Ин сабаб шуд ва яке аз дарбориёни ӯ Муҳаммад ибни Васиф ба забони форсии дарӣ шеър гуфтанро оғоз намуд.

пешина
аз 395
навбатӣ