Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Баъди марги Талҳа писари дигари Тоҳир Абдуллоҳ амири Хуросон таъйин гардид. Абдуллоҳи Тоҳир (830–844) хирадмандтарин намояндаи сулораи Тоҳириён мебошад, ки авҷи қудрат ва азамати давлати Тоҳириён ба замони ӯ рост меояд. Ӯ дар идораи Хуросони Бузург муваффақтарин ҳоким буда, аслан мустақилона давлатдорӣ мекард. Абдуллоҳ дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳот анҷом дода, омилони хироҷро вазифадор мекард, ки ба ҷабру ситам хотима диҳанд: «Бо барзгарони вилоят мудоро кунед, кишоварзӣ заиф гардад, онро қувват диҳед ва ба ҷои хеш боз оред, ки Худои азза ва ҷалла моро аз дастҳои кишоварзон таъом кардааст, аз забонҳои эшон салом кардааст ва бедод кардан бар эшон ҳаром кардааст». Бо супориши Абдуллоҳи Тоҳир фақеҳони ислом китобе таълиф карданд, ки барои ҳалли мушкилоти зироаткорӣ ва обёрӣ чун дастур хизмат мекард.

Абдуллоҳ пойтахти давлаташ Нишопурро хеле обод карда, ба аҳли фарҳангу адаб робитаи зиёд дошт. Ӯ дастур дод, кӯдакони ятиму бепарастор низ ба мактаб ҷалб шаванд ва саъй мекард, то таълиму тарбияти маҷбуриро ба роҳ монад. Бо фармони Абдуллоҳ ба муҳтоҷону бенавоён маводди ғизоӣ ва либос дода мешуд. Вай даҳҳо биноро бунёд карда, барои тарбия ва истифодаи бенавоён қарор дод.
Ба арзу доди мардум шахсан расидагӣ мекард ва амалдорони донишманд, пок ва мардумдӯстро меписандид. Абдуллоҳи Тоҳир дар муҳити Бағдод таҳсил карда, ҳамчун шоир ва донишманд бо арабӣ шеър мегуфт.

ЧАРО ДАВЛАТИ ТОҲИРИЁН АЗ БАЙН РАФТ?

Тоҳири II (844–862), ки фарзанди Абдуллоҳ буд, саъй мекард равиши давлатдории падарро идома диҳад. Дар замони амирии ӯ авзои Сиистон хароб гардида, шӯриши айёрон сар зад ва музофоти Сиистон аз доираи ҳукмронии Тоҳириён хориҷ гашт. Писари ӯ Муҳаммад ибни Тоҳир (862–873) дар умури давлатдорӣ шоистагии падару бобояшро надошт ва машғул ба шаробхориву айёшӣ буд. Дар аҳди ҳукмронии ӯ шӯриши айёрон бо сарварии Яъкуби Лайс шиддат гирифт. Дар поёни ҳукмронии Тоҳириён танҳо пойтахташон Нишопур дар ихтиёри онҳо қарор дошту бас. Соли 873 саромади хонадони Саффориён Яъкуби Лайс Нишопурро забт намуд ва баъди панҷоҳ соли мавҷудият, давлати Тоҳириён аз байн рафт. Тоҳириён бо сиёсати мусолиҳатомезу ҳусни тадбир тавонистанд, ки заминаҳои истиқлоли аҷдоди моро муҳайё созанд ва сохти давлатдории тоҷиконро дар замони ислом аввалин бор тарҳрезӣ намоянд.

пешина
аз 395
навбатӣ