Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАВЛАТИ ТОҲИРИЁН

Давлати Тоҳириён пас аз интишори ислом нахустин давлати бузурги маҳаллии тоҷикон мебошад, ки дар асри IX таъсис ёфтааст. Бунёдгузори ин давлат Тоҳир ибни Ҳусайн аз ашрофзодагони тоҷики шаҳри Пушанги вилояти Ҳирот мебошад. Маъмун, ки аз модари эронӣ зода шуда буд, бо кӯмаки ӯ халифаи ислом шуд. Дар давраи хилофати Маъмун (813–833) нақши Тоҳир ибни Ҳусайн боло рафт ва ӯ ба подоши хизматҳои фаровон соли 821 ба вазифаи амирии Хуросон расид. Ӯ шаҳри Марвро пойтахт қарор дода, ҳокимияти худро мустаҳкам намуд ва ба мустақилона идора кардани Хуросону Мовароуннаҳр сар кард.

МАКТУБИ ТОҲИР БА ПИСАРАШ ЧӢ ГУНА БУД?

Тоҳир дар мактуби худ ба писараш Абдуллоҳ, ки ҳокими Миср буд, тамоми нозукиҳои давлатдориро навишт. Чун ин мактуб ба халифа мақбул афтод, фармуд, ки онро нусхаҳо карда, дар тамоми қаламрави хилофат паҳн кунанд ва давлатдориро аз Тоҳир омӯзанд.

ЧАРО НОМИ ХАЛИФАРО АЗ ХУТБА АФКАНДАНД?
Муҳимтарин иқдоми Тоҳир дар давраи кӯтоҳи ҳукмрониаш номи халифаи аббосиро аз хутба афкандан буд. Аз хутба афтодани номи халифа маънии ба ӯ итоат накардани мардумро дошт. Ӯ дар масҷиди ҷомеъ эълон кард, ки аз ин ба баъд хутбаро ба номи ӯ хонанд, ки ин маънии соҳибистиқлол шудани давлаташро дошт. Аббосиён тавассути ҷосусони худ Тоҳир ибни Ҳусайнро заҳр дода, аз байн бурданд. Ӯ дар бистари марг, охирин лаҳзаҳои умраш бо забони модарӣ чунин гуфт: «Дар марг ҳам мардӣ бояд». Бо гузаштани Тоҳир истиқлоли давлати навзухури Тоҳириён ба нокомӣ анҷомид.

ТАЛҲА ЧӢ ГУНА ДАВЛАТДОРӢ КАРД?
Халифа аз шӯридани хонадони Тоҳириён ҳаросида, писари Тоҳир - Талҳаро ба ҷои падараш амири Хуросон (822-828) таъйин намуд. Дар замони Талҳа пойтахт ба Нишопур кӯчид ва ӯ бо хилофат созиш баста, то поёни умр ба он содиқ монд.

БАҲРИ АРАЛ
Гурганч
Хуҷанд
УСРУШАНА
ФАРҒОНА
Бухоро
Самарқанд
Тирмиз
Балх
Бомиён
Газнӣ
Мултон
Заранг
Ҳирот
Пушанг
Нишопур
Марв
Бур. АХСИЯН
БАҲРИ ХАЗАР
ОЗАРБОЙҶОН
Табрез
Қазвин
Рай
Исфаҳон
Шеро3
Кирмон
Бағдод
ХАЛИЧИ ФОРС
БАҲРИ АРАБ

пешина
аз 395
навбатӣ