Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

Сулолаи Бовандиён ё оли Бованд хонадони амирони эронитабори Мозандарон (Табаристон) мебошанд, ки тақрибан солҳои 655–1349, яъне ба муддати 700 сол ҳукмронӣ кардаанд. Қаламрави ҳукмронияшон асосан сарзамини Дайлам ва минтақаи кӯҳистони Табаристон (Мозандарон) буд. Онҳо насаби худро ба подшоҳи Сосониён Қубод (ҳукмронияш солҳои 488–531) ва писараш Ковус мерасониданд.

БУНЁДГУЗОРИ СУЛОЛАИ
БОВАНДИЁН КИСТ?

Пас аз кушта шудани Ковус писараш Бов ё Бованд дар Табаристон ба ҷои ӯ ҳукмрон шуда, сулолаи Бовандиёнро бунёд гузошт. Дертар Бованд ба дарбори шоҳаншоҳи Сосонӣ Хусрави II Парвиз (589–628) кашида шуд ва ба ҳукумати Табаристону Дайлам расид. Ҳангоми шоҳаншоҳии Яздигурди III (632–651) дар набардҳои зидди лашкари ислом ширкат варзид. Бо дастури Яздигурд сӯи Табаристон рафт, то лашкар гирд оварад, аммо хабари марги Яздигурдро шунида, соли 655 дар сарзамини Табаристон ҳукумати мустақили худро таъсис дод. Ӯ дар Табаристон тақрибан 10–15 сол давлатдорӣ намуда, аз тарафи Валош ном шахси ҳукуматхоҳе кушта шуд. Ҳукмронии Бовандиён ба се давраи муҳим: ҳукмронии Ковусиён (666–1007), ҳукмронии Испаҳбадон (аз асри XI то ибтидои асри XIII) ва ҳукмронии Кинахорон (1237–1349) тақсим мешавад.

Баъди марги Бованд 13 тан аз амирони ин хонадон бо номи Ковусиён солҳои 666–1007 (яъне тақрибан 350 сол) дар замони Аббосиён ва Тоҳириёну Сомониён ва Оли Бӯя ҳукуматдорӣ кардаанд, ки пойтахташон Шаҳрёρκӯҳ буд. Яке аз амирони ин хонадон Қорин исломро пазируфта, бо номи Абулмулук шуҳрат ёфт. Охирин амири ин сулола Шаҳрёри III соли 1007 даргузаштааст. Ҳукуматдории силсилаи Испаҳбадон тақрибан 200 сол идома ёфтааст ва 8 тан аз амирони ин хонадон дар Табаристон ҳокимӣ кардаанд. Шаҳри Сорӣ маркази онҳо буда, ин сулола нахуст ба Салҷуқиён ва сипас ба Хоразмшоҳиён итоат мекарданд. Фармонфаротии силсилаи Кинахорон бештар аз 100 сол идома дошта, Исомуддини Ардашер нахустин амир ва шаҳри Омул пойтахти онҳо будааст. Фармонравоёни охирини ин силсила ба хонҳои муғул тобеъ гардида, пас аз кушта шудани охирин амирашон Фахруддавлаи Кайхусрав (соли 1349) завол ёфтанд.

пешина
аз 395
навбатӣ