Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
қарорҳои ғайриқонунии муфаттишони шӯъбаҳои тафтишотии ноҳиявии корҳои дохилии шаҳри Душанберо, ки беасос боздошта шуда буданд, бекор карда, бо дастурҳои мушаххаси хаттӣ ба тафтишоти иловагӣ баргардонидааст. Вай ҳамеша талош менамояд, ки дар кор ба ягон қонуншиканӣ роҳ надиҳад, доимо ягон навигариро амалан ҷорӣ намояд. Ӯ дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш чандин таклифу пешниҳоди наву судманд барои беҳдошти кор ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намудааст. Маҳбуба Раҷабовна ба ҳар як арзу шикояти шаҳрвандон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва ба муаллифони номаҳо тибқи қонунҳои ҷумҳурӣ посухҳои қаноатбахш мегардонад. Маҳбуба Мирзоева дар системаи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин зани маҳаллиест, ки дорандаи унвони мушовири адлияи дараҷаи якум ва рутбаи полковникӣ мебошад. Баробари ин Маҳбуба Раҷабовna устоди сахтгиру меҳрубони ҷавонон ба шумор меравад.
Имрӯзҳо нисбати ҷавонони мо ақидаҳои мухталифе вуҷуд доранд. Яке мегӯяд, ки сатҳи донишу ахлоқ ва ҷаҳонбинию маънавиёти ҷавонони мо хеле коста аст ва ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд. Вале ман бо ин ақида розӣ шуда наметавонам, чунки агар дар як оила панҷ - шаш фарзанд зиндагӣ кунад, якеаш дорои дониш ва ақлу тамйизи баланд бошад, дигаре ба насиҳати калонсолон каме мӯҳтоҷ аст, хулқу атвор ва одоби сеюмаш андаке коста мебошад. Ҷамъият ҳам мисли як оила аст: дар байни он ҳам хубаш ҳасту ҳам бадаш. Бинобар ин ахлоқи тамоми ҷавонони мо бад аст гуфтан номумкин. Ман бисёр ҷавононеро медонам, ки корро аз зинаҳои паст бо маоши ночиз оғоз карда, бо сабру тоқат ва ҷаҳду талош соҳиби мансаб ва иззату эътибори умум гардидаанд. Мо, собиқадорони соҳаи адлия, аз чунин ҷавонон, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон кору фаъолият доранд, норизо нестем, - мегӯяд Маҳбуба Раҷабовна.
Даҳҳо ҷавонон номи Маҳбуба Раҷабовнаро чун устод бо ифтихор ба забон меоранд. Агар Маҳбуба Раҷабовна ба кадом утоқи қории кормандони прокуратура даромаданӣ шавад, онҳо бо эҳтиром аз ҷой хеста: - Биёед апаи Маҳбуба, аз боло гузаред... - мегӯянд, онҳо бо самимият нисбати Мирзоева...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё