Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хонданҳизбии Ростови Лаби Дон фиристоданд. Баъди хатми мактаби олии ҳизбӣ Маҳбуба Мирзоева сардори шуъбаи тафтишотии прокуратураи шаҳри Душанбе таъин гардид. Дар прокуратураи шаҳр як парвандаи гурӯҳи ҷинояткоронро барои тафтишу баррасӣ ба Маҳбуба Мирзоева супориданд. Баъди ду-се рӯз як зани миёнасоли нуроние бо рангу рӯи парида ва ашки резон назди ӯ омад:
- Хоҳари азиз, дар бораи Шумо бисёр шунидаам, ки зани ниҳоят ҳақгӯю адолатпешаед. Ба сари писари ягонаам тӯҳматҳои зиёди беасосро бор карда, ӯро беасос ба маҳбас кашидаанд, илтиҷо мекунам, ба мани модар раҳм намоед!
- Апаҷон, ман ҳозир ба Шумо чизе ваъда карда наметавонам. Қонун -қонун аст, ин ҳуҷҷати муқаддасро касе ҳақ надорад, ки вайрон кунад. Бо писаратон вохӯрда сӯҳбат мекунам, агар гуноҳаш бошад, тибқи қонун ҷазо мегирад ва агар бегуноҳ бошад, касе ӯро беасос ба маҳбас кашида наметавонад. Дар тафтиш ва мурофиаи судӣ маълум шуд, ки писари он зан «Н» бегуноҳ будааст. Модари «Н» бо хурсандии барои миннатдорӣ боз ба назди Маҳбуба Раҷабовна омад:
- Илоҳо барака ёбед, хоҳарам, кош сафи чунин занҳои ҳақиқатҷӯю адолатпеша дар мамлакатамон зиёд мебуданд. Маҳбуба Мирзоева даҳҳо маротиба аз ашхоси гуногун чунин суханонро шунидааст. Чунки ӯ ҳамеша тибқи ҳидояти модараш амал мекунад:
- Эҳтиёт кун, духтарам, касеро беасос наранҷонӣ, ҳақиқатҷӯю ростгӯй бош, ба ӯ таъкид карда буд модараш Ҳокимахола... Дар ин вазифа Маҳбуба Раҷабовна тӯли чор сол донишу ҷаҳонбинии фарох ва маҳорату қобилияти хуби кордони зоҳир намуд. Ҳамин донишу қобилияти кордонии Маҳбуба Мирзоеваро ба назар гирифта, ӯро прокурори калони Раёсати назорат аз болои таҳқику тафтишон дар Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти Прокуратураи генералӣ таъин намуданд. Ба ҳар вазифае, ки ба зиммааш гузошта мешуд, ӯ тибқи қонун бо диди тоза ва малакаи касбӣ таҳлилу таҳқиқ карда, ба прокурорҳои шаҳрию ноҳиявӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии назорати прокурорӣ ёрии амалӣ мерасонад. Дар фаъолияти кориаш Маҳбуба Мирзоева бисёр парвандаҳои ҷиноятиро омӯхта, мавриди таҳлил қарор дода ба масъулони онҳо дастурҳои хаттӣ додааст. Илова бар ин ӯ борҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё