Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Ин кадрдонӣ пеш аз ҳама маънои онро дорад, ки худи Маҳбуба худаш зани боҳираду боодоб ва ҳалиму меҳрубон аст. Вай ба якчанд мамолики хориҷӣ сафарҳои хизматӣ карда, дар конференсияҳои байналмилалии ҳуқуқшиносон иштирок ва суханронӣ намудааст. Сафари хизматии Маҳбуба Раҷабовна ба Германия барои ӯ хотирмон буд. Ӯро натанҳо дар байни коллективи кормандони прокуратураи генералӣ, балки дар тамоми маҳалҳои ҷумҳурӣ кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқу амният мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар фаъолияти меҳнатии Маҳбуба Раҷабовна нақши муҳим бозид. Вай барои амалӣ гардонидани ин фармони Сардори давлат бисёр корҳои таблиғотӣ ва ҳифзи қонуну ҳуқуқҳои шаҳрвандон, алалхусус занону духтарон ҷаҳду талоши зиёде ба харҷ медиҳад. - Мо занони тоҷик хушбахтем, - мегӯяд Маҳбуба Раҷабовна, чунки дар шароите кору зиндагӣ мекунем, ки бароимон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Меҳнати бештар аз бистсолаи Маҳбуба Мирзоева чун корманди фахрии Прокуратураи генералӣ оид ба натиҷаҳои сол борҳо ҳамчун прокурори беҳтарини Раёсат эътироф шуда, расмаш дар Лавҳаи фахрии прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой додаанд. Хизматҳои ҳалолу пурмаҳсули Маҳбуба Мирзоева бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Барои хизмати шоиста» кадр гардидааст. Вай дар оила зани хушмумила, кадбонуи хушсалиқа ва модари меҳрубон аст. Шавҳараш Солиев Лутфулло доктори илмҳои химия, профессор, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Вай Докторантураро дар Украина ба анҷом расонид, ҳамонҷо рисолаи илмиашро дифо кард ва чанд сол дар донишгоҳи ин ҷумҳурӣ ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Баъди ба Ватани аҷдодиаш баргаштан бо Маҳбуба Мирзоева хонадор шуд.
Марди ҳалим ва дорои фарҳанги баланд аст. Кас ба зиндагии аҳли оилаи онҳо назар афканда гумон мекунад, ки Маҳбуба ва Лутфуллоро гӯё барои якдигар офарида бошанд. Фарзанди онҳо Умеда дар мактаби миёнаи рақами 53-и пойтахт таҳсил мекунад. Ӯ ягона умеди падару модар мебошад. Вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё