Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Рӯшноӣ бо торикӣ ҳамеша рақобат доранд. Рӯшноӣ ақидаи худро дорад, торикӣ ақидаи худро.
Аз ин ҷиҳат дар байни онҳо ҳамеша рақобат ва задухӯрд давом мекунад.
Аксарият дар асри худ, алалхусус дар дуввумин қисми умри худ дар ҷустуҷӯи ҳақиқат мешаванд.
Ҳангоме ки шахс ё шахсият ҳақиқатро намеёбанд, бештари онҳо рӯҳафтода шуда аз роҳи худ ба роҳи каҷ гом заданро сар мекунанд.
Ононе, ки иродаи мустаҳкам ва оҳанин доранд, каму беш ба ин задухӯрдҳои зиндагӣ тоб оварда мубориза мебаранд. Ононе, ки ирода надоранд, ва сустиродаанд, дар ин кашмакашиҳои зиндагӣ ва махсусан дар осиёби ӯ гард-гард шуда, титу пит шуда, дар таърихи башарият беному нишон нопадид мегарданд. Агар зиндагӣ ин тавр аст, пас чӣ бояд кард? То нафаси охирин мубориза бояд бурд, то ба орзуят бирасӣ. Дигар роҳ нест.
Хирадмандона, устокорона, оқилона ба сӯи орзу бояд қадам ниҳод. Ба пеш, ҳар чӣ бодо, бод.
Худо ёрат бод, Ҳошим, дар ин роҳи душвори зиндагӣ. Ба пеш ба сӯи қуллаҳои навини орзуҳо!
Ҳошим ГАДО:
2 + 1 = 3
Дар киса, ки дорӣ пул,
Дар хона, ки нон,
Хешон ҳама хешанд.
Зан роҳати ҷон.
Дар киса надорӣ пул, дар хона, ки нон,
Хешон ҳама бегона.
Зан офати ҷон.
Дар ҳама ҷоҳо суруду карнайу сурнайу дафу таблаку ной, ҳама гӯё шодӣ мекарданд, ҳама вонамуд мекарданд, ки шоду хурраманд.
Лек дар асл на ҳама шоду хуррам буданд.
Ин ҳама сохтакорӣ, ин ҳама бозиҳои бешумор то кай давом мекарда бошанд? Инро ба ҷуз Худо касе намедонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё