Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Занро иззату ҳурмат кардан ҳатмист.
Лек зан набояд дар болои сари мард доимо пору рехта истод. Зан бояд вазифаи худро дар назди мард иҷро карда истод. Агар ин гуфтаҳо дар амал иҷро нашаванд, зуд ё дер ин зану мард аз ҳам ҷудо мешаванд.
Ақидаҳо дар бораи оиладорӣ бениҳоят бешуморанд, лек зиндагӣ кори худро давом дода меистад.
Чӣ бояд кор кард, ки гуфтаи мард дар хона қонун бошад?
Аз аввал лаҷомро бояд сахт гирифт. Агар аз аввал лаҷомро ба даст нагирӣ, то ҷудо шудан мард ба азоб гирифтор мешавад.
Инсон як умр орзу, орзу, орзу мекунад. Орзуҳо бешуморанд ва қариб, ки аксарияти ин орзуҳо дар амал иҷро намешаванд.
Чӣ илоҷ? Ин аст зиндагӣ ва дасти норас ба ин орзуҳои дар қалб мурда.
Ҳарчӣ пеш аз моён гуфтанд ва ҳарчӣ ҳозир гуфта истодаанд ва шояд дар ояндаҳо боз бешумор гӯянд. Лек ба фикри ман одамони рӯи замин ҳаргиз ислоҳ намешаванд. Умуман, ин ҷондори дупоя ба фикри ман ислоҳнашаванда аст. Ин фикри шахсии ман аст.
Ҳошим ГАДО:
НОДАРКОРШУДА
Ҳарчӣ пеш аз моён гуфтанд ва ҳарчӣ ҳозир гуфта истодаанд ва шояд дар ояндаҳо боз бешумор гӯянд. Лек ба фикри ман одамони рӯи замин ҳаргиз ислоҳ намешаванд. Умуман, ин ҷондори дупоя ба фикри ман ислоҳнашаванда аст. Ин фикри шахсии ман аст.
Рӯшноӣ торикиро ба дохили худ роҳ намедиҳад.
Торикӣ рӯшноиро аз худ дур мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё