Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Солҳои душвори ҷангҳои ҳамватанӣ раисии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бар дӯши Мирзоҳаёт Давлатов буд.
Имрӯзҳо ҳамсари азизу панҷ фарзанд чароғи хонадони ӯро ҳамеша фурӯзон нигоҳ медоранд. Рӯзи 8-уми март ба марги бемаҳали шодравон як сол пур мешавад. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ин рӯз ҳам чун рӯзони дигар хотираи ин марди суханро пос медорад ва ба пайвандону наздиконаш бори дигар тасаллият изҳор медорад.
Ёдатон бо мост, Мирзоҳаёт Давлатов. Ҷоятон дар ҷаннат бод!
Раёсати Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон
Ҳошим ГАДО:
ИНКОР КАРДАН
Дар бораи ин одам ё вай одам ё умуман дар бораи одамон навиштан душвор аст. Барои он ки агар дар бораи ягон шахс бинависӣ, дар аввал ӯро бояд хуб омӯзӣ. Чӣ ботинан, чӣ зоҳиран.
Ана баъд дар бораи ин одам чизе бояд навишт. Одамро ботинан ва зоҳиран дарк кардан бениҳоят душвор аст.
Ҳошим ГАДО:
ЗИДДИЯТ
Мехоҳӣ, дил биёбӣ?
Оре, бикӯш барои он ки дилашро биёбӣ. Бе кӯшишу ғайрат ҳеҷ чиз ба даст намеояд.
Дар зоҳир баъди чандин солҳо ва андешаҳои зиёд ман ба чунин хулосае омадам, ки дуругизм ва ҳамдигарро фиреб кардан ҳеҷ гоҳе аз байни одамон нест нахоҳад шуд. Ин чиз буд, ҳаст ва абадан дар байни одамон мемонад. Пас... Чӣ бояд кард.
Пас... Ҳеҷ чиз набояд кард. Агар ин маразизм ин харизм, ин мазокизм дар байни одамон одати абадист, дигар набояд ҳайрон бишавӣ. Ва бояд ман ҳам мисли дигарон «хуб», «бале», «шумоён дуруст мегӯед» гуфта зиям.
Чӣ илоҷ? Ин дунёро на ман офаридаам ва на ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё