Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

Ақидаҳо дар бораи оиладорӣ бениҳоят бешуморанд, лек зиндагӣ кори худро давом дода меистад.

Чӣ бояд кор кард, ки гуфтани мард дар хона қонун бошад? Аз аввал лаҷомро бояд сахт гирифт. Агар аз аввал лаҷомро ба даст нагирӣ, то ҷудо шудан мард ба азоб гирифтор мешавад.

Инсон як умр орзу, орзу, орзу мекунад. Орзуҳо бешуморанд ва қариб, ки аксарияти ин орзуҳо дар амал иҷро намешаванд.
Чӣ илоҷ? Ин аст зиндагӣ ва дасти норас ба ин орзуҳои дар қалб мурда.

Ҳарчӣ пеш аз моён гуфтанд ва ҳарчӣ ҳозир гуфта истодаанд ва шояд дар ояндаҳо боз бешумор гӯянд. Лек ба фикри ман одамони рӯи замин ҳаргиз ислоҳ намешаванд. Умуман, ин ҷондори дупоя ба фикри ман ислоҳнашаванда аст. Ин фикри шахсии ман аст.

Гӯшаи хотира

ЁДАТОН БО МОСТ, МИРЗОҲАЁТ ДАВЛАТОВ Ӯро ёру дӯстон бо арзи эҳтиром кӯтоҳакак Ҳаёт мегуфтанд, аммо номи аслиаш Мирзоҳаёт Давлатов буд.
Мирзоҳаёт Давлатов дар давоми умри 67-солааш аз худ ёдгориҳои нек боқӣ гузошт. Аз ҷумла, навиштаҳои зиёди фарҳангӣ, махсусан оид ба масъалаҳои мактабу маориф, китобҳо, шогирдон, хонаю дар бо дарахтони пурмева, фарзандони баору номус дар шаҳраки «Меҳробод»-и шаҳри Душанбе. Субҳи ин манзил ҳаррӯз аз ҷониби фарзандон бо хондани дуо ба рӯҳи қиблагоҳ сурат мегирад.
Шодравон Мирзоҳаёт Давлатов дар соҳаи журналистика солҳои тӯлонӣ кор кардааст. Як муддат дар Афғонистон иҷрои вазифа кардааст ва хизматаш дар Афғонистон бо медаЛҳои «Барои меҳнати шоён» ва «Вазорати мудофиаи Афғонистон» мукофотонида шудааст. Ватани азизаш Тоҷикистон бошад хизматҳои ӯро бо унвони олӣ - «Коркуни Хизматнишондодаи Тоҷикистон» кадршиносӣ кардааст.

пешина
аз 213
навбатӣ