Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

виҷдон ва имонашон ба қалби онҳо баргарданд. Он тарафашро ӯ худаш медонад.

Ин шамол, ин гирдбод сарҳадҳои шарму ҳаёро рӯфта бурд.

Дар асри XXI на шарм аст, на ҳаё. Бешармӣ дар авҷи аълояш аст. Ин ақидаи шахсии ман аст.
Охираш, илоҳо ба хайр шавад.

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз даргузашти собиқ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», собиқадори соҳаи матбуот НУСРАТУЛЛО ДОРҒАБЕКОВ андуҳгин буда, ба дилбандону пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён мекунад.

Ҳошим ГАДО:

ЗИДДИЯТ Мехоҳӣ, дил биёбӣ?
Оре, бикӯш бар он ки дилашро биёбӣ. Бе кӯшишу ғайрат ҳеҷ чиз ба даст намеояд.

Дар зоҳир баъди чандин солҳо ва андешаҳои зиёд ман ба чунин хулосае омадам, ки дурӯғизм ва ҳамдигарро фириб кардан ҳеҷ гоҳе аз байни одамон нест нахоҳад шуд. Ин чиз буд, ҳаст ва абадан дар байни одамон мемонад. Пас... Чӣ бояд кард.

Пас... Ҳеҷ чиз набояд кард. Агар ин маразизм ин харизм, ин мазоқизм дар байни одамон одати абадист, дигар набояд ҳайрон бишавӣ. Ва бояд ман ҳам мисли дигарон «ҳуб», «бале», «шумоён дуруст мегӯед» гуфта зиям.

Чӣ илоҷ? Ин дунёро на ман офаридаам ва на ту.

Занро иззату ҳурмат кардан ҳатмист.
Лек зан набояд дар болои сари мард доимо пору рехта истад. Зан бояд вазифаи худро дар назди мард иҷро карда истад. Агар ин гуфтаҳо дар амал иҷро нашаванд, зуд ё дер ин зану мард аз ҳам ҷудо мешаванд.

пешина
аз 213
навбатӣ