Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Мана чӣ қадар асрҳо паси сар шуданд.
Мана чӣ қадар бешумор нависандаву шоирон ҳамқаламтарошон гуфтаанд, тарошиданд, лек ҳеҷ не, ки одамон беҳ шаванд. Ҳамоне буданд, ҳастанд. Фақат тукумҳояшон иваз шудаанд.
Ҳошим ГАДО:
ИНСОН
Дар аввали пайдоиш онон, яъне ин махлуқи хому хатала, аз ким-кадом алафча ё аз ким-кадом микробча, ё бактерияча ё аз осмон аз ким-кадом комета дар порчаи санги номаълум ба рӯи замин фаромада, ин ҷондорча, ин микробча дар тӯли миллион, триллион ва бешумор солҳо тараққӣ карда ва оҳиста-оҳиста ба ин ҳайвоне ба ном Бузина мубаддал гашт ва ӯ имрӯз дар рӯи замин шоҳи ҳайвонҳо шуда умр ба сар мебарад. Бо ин ҳарфҳо ман чиро ифода карданам?
Яъне ман гуфтаниям, ки рӯз то рӯз маро як захми номаълум, як андӯҳгинии коинотӣ ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа ва ҳар сония думболагир мекунад.
Ман худ ҳайронам ин чӣ ҳолат аст?
Дар китоби ҷилди VII-ум ин масъаларо қариб чанд сол мутолиа кардам, худ бо худ ҳарф задам. Бешумор китобҳоро варақ задам. Вале афсӯс боз ҳам афсӯс мехӯрам, ки ин муаммои зиқӣ ва андӯҳгиннамро ёфта натавонистам. Ва кай ман ба ин асрори зиқнам ва ба решаи ӯ расида метавонистам бошам? Аз афташ ин асрор барои ман нокушода мемонад.
Каму беш сарфаҳм меравам. Лек бо боварии садфоиза гуфта наметавонам, ки оё ин дарку фаҳмишам дуруст аст?
-
Ба ҳар кӣ некӣ кардам, бадиам кард. Решаи муамморо ман чӣ тавр бифаҳмам? Оё ин рафтори одамон дуруст аст? Ман аниқ ба асрор ҷавоб ёфта натавонистам. Чаро ва барои чӣ ин тавр бошад?
-
Ҳамеша ман шунаванда ва бинанда ва дарқкунанда мекобам. Ин рафтори ман дуруст буд? Ман ин рафтори худро ҳам дарк карда натавонистам.
-
Ҳақиқат ҳамеша кофист. Ин рафтори ман содагӣ буд.
-
Агар мебинӣ, ки ӯ нест, пас эй одами хаёлӣ чаро ӯро мисли Дон Кихот доимо меҷӯй?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё