Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
—Тезтар ҳал кардан лозим, — аз гапаш намегашт Азиз. — Вақташ гузашт, афсус мехӯрем.
— Э бача, туро кӣ пурсидааст, асп ба тавилагардон карда биё.
— Худаш майдаҳаку гапаш калон, а! — нешдор гуфт муаллими Гурез.
— Ҳа-а, боз ӯро аранг мегӯянд... — тасдиқ кард усто Тагаймурод андешаи ҳамсояро.
Додараку хоҳаракони Убайдулло ба даври болимаш парвона мегаштанд. Маҳзуниву ранҷурии бародари ба ҷон баробаршонро намехостанд.
Табъи ҷавон аз дунёи поку беолоиш ва кирдори шӯхонаи кӯдакон хуш мегашт. Бозиву хандаҳои беғаш кашон-кашон меовардшон.
...Амали ҷавони нимтана дар ҷойгоҳ эҷоди орзуву хаёлҳо буд. Ба рӯҳи бобои Назимаш дуову дуруд мефиристод. Мӯйсафедро «девона» гӯянд, меранҷид. Аввалҳо Назим девона набудааст. Раис Абдураҳим мегуфт, ки худораҳматӣ ҷавонмарди зираку бомаъниву паҳлавоне буд.
Шаби бороние ӯ аз деҳаи Чукураки Ховалинг аспакӣ ба Доробӣ рафтан мехоҳад. Ин ду деҳаро рӯди пуркафк ҷудо мекард. Бобои раис Назимро хоҳиш мекунад, ки «дар шаби пуртундар дарёро нагузар». Вале ҷавонмарди мағрур лаҷоми аспро аз ахтахона берун кашида, ба пушти лучи он по гардонда тозиёна мезанаду аз деҳ мебарояд.
Борон шиддат мегирад. Чун ба миёнаи рӯд мерасад, асп ба тезии об тоб наоварда, ду пойи пеши ҷонвар меғӯтад ва кафк аз пушташ мегузарад. Ҳарду обӣ мешаванд. Назим андаруни об ғӯтак зада— ғӯтак зада, ахиран ба соҳил мебарояд. Ва чунон ларза фаро мегирадаш, ки шиҳаи аспи даргурезро аз дуриҳо мешунавад. Либосҳош шип-шилта, раҳбараҳ гуфта гуфта ба даргоҳи хонаи раис Абдураҳим меояд.
Аз ҳамон шаб ӯро зиён ёр мешавад. Ҳарчанд дуояш мехонанд, аммо рӯҳаш ба ҷо намесояд. Борҳо дар шифохонаҳо мехобононадаш, бесуд.
Дар ҷиллаи зимистон побараҳна рӯ рӯи курнаи барф аз кӯчаҳои деҳа мегузашт. Аҷаб, ки девона ба ҳавлии бегона намедаромад. Ба ворисони намакхӯре, ки дар сиҳатиш нозу нузашро мебардоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё