Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
буд. Чой мехост пиёлаи чой меовард, об мегуфт косаи обаш медод. Кӯдак ҳамранги кабқи ба парвоз хуморӣ дар бари қати бародараш гут-гут мекард. Мешуд гоҳе, ки Давлатро хоб мебурд, Убайдулло ҳам чашмонашро мепӯшид. Ҳарду баробар мехусбиданду баробар мехестанд. Бародари калонӣ додаракашро зиқшавӣ намемонд. Барояш ҳаргуна бозичаҳо фикр карда мебаровард. Бачаҷак шодона ба даври болини акааш парвона мегашт.
— Ака, пагоҳӣ тамошо мебаремат.
— Ба куҷо?
— Болои пуштаи ҳами сабзпӯш. Ҳамин хел ҷойи хушрӯ, ки... Ту мешинӣ, мо бароят гул мечинем.
— Аробачаро оҳиста ҳай кун, хуб?
— Бар-бараш медавам, ки нагалтӣ.
— Яке бигзарӣ-чӣ?
— Ҷангам накун.
— Ака, тӯбчаи сафедам биёр...
— Худо бигӯ, сиҳат шавам, як чувол тӯбчаат меорам.
Ва дарҳол Давлати хурдак рӯ ба қибла дар ҷойи намозхонии падар бо тавозӯъ дастаконашро аз баҳри нийиш мекушояд:— Худоҷон, акама сиҳат бикун, дардша ба хонаи душмано ё ба саҳро бибар...
Лаҳни шаккарини кӯдак ба худаш мезебид. Бемор «омин» мегуяд. Модар забони Давлатро бӯсида, ӯро ба ҷигараш пахш мекунад. Амаки Маҳмадулло механдад, вале маҳзун. Ин замон писари миёнааш Азиз гаранг аз дабистон баргашта, китобҳояшро ба токҷа гузошту аз падар ҷӯё шуд:
— Алаф бидравам ё рафта асп аз майдон биёрам?
— Рафта асп дар ҷойи сералаф бибанд.
— Бегоҳӣ як бор савор шава-м?
— Тинҷ бигард, ғами худамон кифоя.
— Чанд бор савор омадам-ку.
— Кӯза доим лаби об рафта саломат намеояд.
— Як фикр дорам, — хаёле чашмони Азиз рӯшанак заданд, — биё, асп фурӯхта акама табобат мекунем.
— Ту ба ҳар ош олуда нашав! — хашм гирифт падараш Маҳмадулло. — Мо худамон ягон фикр мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё