Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
низ андаке хотирҷамъ менамуд. Бемуҳобо, ҷойи табобати ӯ дар ҳавлии худашон мусоидтар буд. Лекин бе дидори Убайдулло чизеро гумкардаву хуморӣ метобид. Қорафтодаҳо ҳам ба ҳузури Насрулло бештар меомаданд. Лафзи хуш эшонро сӯйи ҳуҷраи ташхиси дарди дандон мекашид. Ӯ забони дардмандонро медонист. Ба мушкилашон чора меҷӯст. Ҳеҷ роҳ намеёфт, дилпуршон месохт, ки «дунё ба умед», албатта, сиҳат мешаванд.
Убайдулло аз додаракаш Давлат хоҳиш кард, ки дучарҳаро то назди кати хобаш биёрад. Бача сухани ӯро ба замин намонд ва дарҳол аробачаро тела дода — тела дода ба хона даровард. Бемор тасмаи болои сарашро дошта, ба ҳоле миёнашро рост намуд, чашмашро ба чархи аробача гирифт. Ва рӯ-рӯи долон баэҳтиёт ҳай карда ба «қабулгоҳ»-и пизишки дандонсоз рафт. Чанд тан ба иллати дард болои ҳарак мешиштанд. Убайдулло суръати дучарҳаро оҳистатар намуд ва паси дар нафасе истода, баъдан ду-се бор ангушт зада гуфт:
— Духтур, бемор қабул мекунед?
— Чаро не?
— Доруворӣ худамон мехарем ё...
— Худат биёрӣ, боз беҳтар.
— Надошта бошам-чӣ?
— Аз ягон кас қарз мегирифӣ, қоратро баробар мекунем. Баъди он ки маблағ ёфтӣ, ҷубронашро оварда месупорӣ, — ҷиддӣ ба рафиқаш гуфт Насрулло. — «Дӯст дӯст, ҳисобаш раҳи рост», а?
— Мо чизе намегӯем, — ҳамоҳанги ӯ посукаш дод Убайдулло. — Барои ҳамин рӯз калонат кардем? Коре, ки дӯсти худ бикунад, ягон душман раво набинад.
Ҳамсоязанҳо бемор медонистанд, ки дӯстон байнихудӣ танз мегӯянд. Лутфшон хушоҳанг мегузашт. Ҳеҷ кадомин ба дил намегирифт, намеранҷид. Паҳлӯи ҳам омадаанд, ки бигӯянду биҳанданду сӯҳбати гарм биороянд.
Холаи Шарифамоҳ ба писаракаш Давлат гуфт, ки рафта аз хоҷа як даста пиёзу кашнич ва укроб чида биёрад. То нимарӯзӣ шакароб муҳайё сохта, якҷоя тановул намоянд. Бача дав-давон ҷониби киштзор рафт.
Рӯзгори хонавода бо дарду ғам гузарон буд.
Рӯзу шабони тӯлонӣ дастёри ҷавони захмин додаракаш Давлат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё