Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
маротиба пурра аз назар гузаронанд ва андеҳаҳояшонро гӯянд. Тасодуфи аҷибе иттифоқ меафтад. Он кас нусхаи тарҷумаро ҳангоми дар истироҳатгоҳе қарор доштан мутолиа мекарданд, ки устод Сотим Улуғзода ба наздашон медароянд. Мепурсанд, ки бо чӣ кор машғулӣ? Шамсӣ Собир посух медиҳанд: «Тарҷумаи як ҷавонро таҳрир карда истодаам». Устод Улуғзода ба курсӣ мешинанд ва мегӯянд: «Ку, чанд саҳифа бихон, бубинем чӣ ҳунар доштааст...».
Шамсӣ Собир баъдтар нақл карданд, ки одатан як ё ду варақ хондан кифоя буд, ки устод хулоса барованд. Вале ман беш аз ҳашт саҳифа хондам, устод хомӯш буданд. Ногузир хомӯш шудам. Устод сар бардоштанду кӯтоҳ гуфтанд: «Хеле ҷолиб ва хонданӣ, нашр шавад, ҳатман варақ мегардонам...
Шамсӣ Собир як тавсияи хуб менависанд ва китоб бо теъдоди даҳ ҳазор адад дар нашриёти «Ирфон» ба табъ мерасад...
Соли 1994 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва номзадии Абдумалик Абдуллоҷонов низ бо мусоидати хоҷаҳои беруниаш пешбарӣ гардида буд. Ман, ки корномаву табиати ин шахсро хуб медонистам, силсилаи мақолаҳои интиқодӣ, аз ҷумла «Наҳанги ҷумҳурӣ 2»-ро навиштам.
Устод, Шумо нахустин сардабири ҳафтаномаи «Минбари халқ» мебошед. Ба ин вазифаи масъул Шуморо кӣ ҳидоят кард?
- Баъд аз як соли террор шудани шодравон Муродуллоҳ Шерализода дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ба вазифаи сардабири рӯзномаи «Садои мардум» Мирзомаҳмуд Мирбобоевро тасдиқ намуданд. Баъд аз чанд муддат Иброҳим Усмонов маро даъват карданд, ки роҳбарияти Шӯрои Олӣ мехоҳад ба вазифаи сардабири рӯзномаи парлумон номзадии шуморо пешбарӣ кунад. Хоҳишашонро рад кардам, ки бо Мирзомаҳмуд аз давраи донишҷӯӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё