Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Дӯст будем. Гуфтам, агар кор ба ин минвол сурат гирад ман худро намебахшам ва Мирзомаҳмуд низ то растохез аз ман домангир хоҳад буд. Иброҳим Кенчаевич табассум кар-ду гуфт: - Аслан шуморо ба ду вазифа пешниҳод карданд, дувумаш сардабири нашрияи марказии ҲҲДТ «Минбари халқ», ногузир бояд якеро интихоб кунед. Оҳи сабук каши-дам ва бо вуҷуди ин, ки ҳанӯз рӯзномаи «Минбари халқ» таъсис наёфта буду корро бояд аз сифр оғоз мекардам, ба пешниҳоди Раёсати ҳизб розӣ шудам.

Шумо соли 1996 ба вазифаи аввалиin сардабири ҳафта-номаи «Минбари халқ» таъйин шудед? Ҳафтанома аз ка-дом ҳисоб нашр мешуд?

  • Бале, соли 1996 ба ин вазифа таъйин ва баъдтар дар Президиуми КИМ ҲҲДТ (маҷлиси Раёсат) тасдиқ шудам. Бояд як нуктаро арз кунам, ки дар ибтидо «Минбари халқ» гоҳнома буд. Ҳанӯз аъзои ҳизб обуна намешуданд ва бо дастгирии шахсони хайрхоҳ нашр мекардем. Бовар кунед, бо вуҷуди он, ки ҳафтанома ба таври номунтазам нашр ме-шуд ва аз маош танҳо номаш вуҷуд дошт, касе корро тарк намекард. Касбамонро дӯст медоштем. Медонистем, ки ва-зифаи аслии рӯзнома муаррифии Ҳизби Халқии Демокра-тии Тоҷикистон аст ва ин рисолатро сарбаландона иҷро менамудем. Бубинед, имрӯз ҳафтаномаи «Минбари халқ» ба яке аз сертиражтарин рӯзномаҳои кишвар табдил ёфта-аст.

  • Устод, дар фарҷоми суҳбат мехоҳам ин нуктаро арз кунам, ки ифтихор менамоем, то ҳанӯз бо мо ҳастед ва ба сифати хабарнигори махсуси ҳафтанома дар Неругоҳи «Роғун» фаъолият доред ва хонандагони ҳафтанома ха-меша мақолаҳои Шуморо дар бораи корномаҳои нурофа-рони ин Кохи нур интизоранд. Гузашта аз ин солҳои охир хеле пурмаҳсул будед ва чанд китобро низ ба хонандагон тақдим намудед...

  • Сеҳри қалам чизе будааст, ки чун ба даст гирифted,

пешина
аз 263
навбатӣ