Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Дил ёфтед?

  • Бале, мардум хеле мехостанд, ки «наҳанг»-и онҳоро низ ба тӯр печонам. Бовар кунед, ҳамон вақт худро раиси артели наҳангдорони кишвар эҳсос мекардам...

  • Устод, агар дар хотир дошта бошед, ҳамроҳ дар ошхонаи «Шарқи Озод» наҳорӣ мехӯрдем ва яке аз рӯзноманигорони маъруф ба мизи мо нишасту дасти Шуморо фишурда гуфт, ки ман тарзи баёни худро дар тарҷумаи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал, ки ба қалами Шумо тааллуқ дорад, такмил додаам. Ҳамон лаҳзаҳоро дар хотир доред?

  • Бале, ин лаҳза маро хеле муассир карда буд. Ин китоб барои ман хеле азиз аст, чун қиссаи навиштани он аҷиб аст. Баъд аз фориғуттаҳсил шудан аз донишгоҳ ва чанд соли фаъолият дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба Афғонистон сафар намудам.

Дар Афғонистон нашри русии ҳамин романи маъруфи Стендал «Сурх ва сиёҳ» ба дастам афтод. Ба хотири ин, ки рӯзноманигор будам ва намехостам, ки забони тоҷикиро фаромӯш кунам, ба тарҷумаи он пардохтам. Қароргоҳи мо дар назди масҷиди ҳазрати Алӣ ибни Абутолиби шаҳри Мазори Шариф қарор дошт. Ҳар субҳ соати чаҳор бо садои азони муаззини масҷид, ки аз тариқи баландгӯяк садо медод, бедор мешудам ва шуғли асосии ман то оғози кор тарҷума буд. Баъди баргаштан аз Афғонистон китоб бо сарварии сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» устод Убайд Раҷаб ва иштироки устодон Ҳабиб Аҳрорӣ, Шамсӣ Собир, Шараф Шариф, Нусур Холмуҳаммад китоб мавриди муҳокима қарор гирифт. Аслан нахустин шахсе, ки ин китобро пурра қироат кард шодравон Гулназар Келдӣ буд, ки хеле хуш пазируфт. Гуфтанд, ки бо даровардани баъзе тасҳеҳҳо китоб барои нашр омодааст. Дар хотир дорам ҳамон айём як боби бузурги он дар маҷаллаи «Садои Шарқ» низ нашр шуд.

Аз Шамсӣ Собир низ хоҳиш кардам, ки тарҷумаро як

пешина
аз 263
навбатӣ