Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
фабандӣ шуд, дар матбааи «Хонаи матбуот» (Дом печати) аз чоп баромад. Вале... Бубинед, ман хабар надоштам, ки Абдумалик Абдуллоҷонов аз паси ман чанд гумоштаи худро гузошта будааст ва онҳо аз нахустин сӯҳбат бо вазир ҳар қадами маро назорат мекардаанд. Баъд аз нашри матлаб ғайр аз ду-се донае, ки дар даст доштем теъдоди дигари рӯзномаро ба якбор аз матбаа «рӯфтанд»...
-
Бо фармони Абдуллоҷонов?
-
Бале, ҳамон гумоштаҳое, ки аз паси ман назорат мебурданд, ин корро анҷом доданд. Рӯзи дигар, бо раҳнамоии чанде аз дӯстон нусхаи рӯзномаро гирифта ба матбааи ноҳияи Орҷоникидзебод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) рафтем ва дубора нашр кардем. Баъд, нусхаҳои рӯзномаро ба бинои Почtai марказӣ (Главпочта) оварда, лифофаҳои бузургҳаҷм харидем ва дар дохили онҳо гузошта, ба шаҳру навоҳии кишвар ирсол намудем. Ягона усули ба мардум дастрас намудани рӯзнома ҳамин буд, вагарна нашри дуюмро низ маҳв мекарданд. Бояд ҳамин нуктаро ёдрас шавам, ки ин усули паҳнкунии рӯзнома паёмadҳои аҷиб нишон дод. Нахуст, дар аксари шаҳру навоҳии кишвар гумон карданд, ки чун мақола дар лифофа омад, чизи супоришӣ аст ва онро дар ҷаласаҳои райкому горком ба таври васеъ муҳокима намуданд. Дуюм, рӯзе дар яке аз сӯҳбатҳо профессор Иброҳим Усмонов ишора карданд, ки дар шуъбаи журналистикаи ДМТ, ҳангоми омӯзиши жанри «тадқиқоти журналистӣ» мақолаи «Наҳанги ҷумҳурӣ» ба барномаи дарсӣ ворид шудааст.
Дигар ин, ки мақолаи банда рӯзноманигорони маҳаллиро сахт таҳрик дод ва онҳо силсилаи матлиберо аз корномаҳои «наҳангҳои маҳаллӣ», мисли «Наҳанги Қумсангир», «Наҳанги Ёвон», «Наҳанг дар Панҷакент» навишта, ба унвони банда ирсол менамуданд, ки баҳше аз онҳо баъд аз омӯзиш нашр шуданд.
- Яъне Шумо ба яке аз «наҳанггирон»-и ҷумҳурӣ таб-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё