Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Лапардорашро пӯшиду портфелашро ба таги каш зад ва «Уко, мана Қаҳҳор Маҳкамов чеғ задагӣ, вақт надорам» гуфту рафт. Дигар на посухи «ҳа» шунидему на «не»... Бо супориши сардабир ду маротибаи дигар рафтам, қабул накард. Ба котибааш рақами телефонамро гузоштам, ки агар андаке аз кор фориғ шуданд, маро даъват кунед. Касе занг назад, маҷбур худ аз худ тамос гирифтам, вале ҷавоб доданд, ки ҳоло фурсат надорад.
Дигар ҷои баҳс набуд. Далелҳоро ҷамъ кардаму як мақолаи таҳлилию интиқодӣ навиштам. Бояд ёдрас шавам, ки аз «қаҳрамониҳои» мояи ҳайрати ин вазир он буд, ки ғаллаи барои ғизои ҳайвонот таҳияшударо аз Қазоқистон ба кишвар ворид карда, вале дар ҳуҷҷат онро ҳамчун ғаллаи навъи якум, ки гӯё аз Канада ворид шудааст, нишон медиҳад. Ҳамин минвол фарқияти маблағро ба ҷайб мезанад, ки тафсилоти ин ва дигар корнамоиҳояш дар мақола дарҷ гардида буданд. Назди сардабири рӯзнома Муродуллоҳ Шерализода бурдам. Хонд, хеле андеша карду гуфт: «Сахт навиштед, мо рӯзномаи парлумонӣ, ба ман ҳаргиз иҷоза намедиҳанд, ки дар ҳаққи як вазири Ҳукумат чунин матлабро нашр кунам, беҳтараш ба дигар рӯзнома баред». Назди Мазҳабшо Муҳаббатшоев, сардабири «Ҷумҳурият» бурдам, он кас низ гуфтанд, мо ҳам нашрияи ҳукуматӣ ҳастем, илоҷи нашр кардан надорем. Дари чанд рӯзномаи дигарро кӯфтам, вале касе ҷуръат надошт, ки чоп кунад. Ниҳоят ба нашрияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, рӯзномаи «Сухан» рафтам. Сардабираш дар сафар будааст, назди муовини сардабир даромадам. Ҳамон вақт, яъне солҳои навадуми асри гузашта чанд нафар алайҳи Нур Табаров игво ангехта, аз вазифаҳои масъул дур карда буданд ва эшон дар рӯзномаи «Сухан» вазифаи муовини сардабирро ба зимма доштанд. Хуб қабул карданд ва пас аз хондани матлаб ғайриинтизор зуд розӣ шуданд, ки он ба нашр расад.
Шуморае, ки дар он мақолаи «Наҳанги ҷумҳурӣ» саҳи-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё