Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
ҶӮРА ҲОШИМӢ
Ҷӯра Ҳошимӣ 9 январи соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст.
Соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.
Чакидаҳои хомаи ӯ дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ аз соли 1965 ба табъ расида, ҳамчун шоир ба майдони адабиёт аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта ворид гардидааст. Китобҳои ашъори ӯ «Соябони садранга» (1980), «Ман алифбо мехонам», «Нинӣ бапо шуд» (1998), «Аз як-як то лак-лак» (2000), «Кулча чаро ширин аст» (2000), «Ман ба куҷо меравам» (2000), «Бачаҳову кӯчаҳо» (2008), «Чаро шамолак вазид» (2008) ва ғ. дар пешрафти кӯдакон ва тарбияи насли наврас мақоми махсус дорад.
Барои дастовардҳои эҷодӣ сазовори нишонҳои фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1982), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2009), медали «Хидмати шоиста» (2003) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012) гардидааст.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё