Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

АЛИФБОҶОН

Китоби аввалини мо,
Китоби нозанини мо,
Китоби дилнишини мо,
Алифбоҷон! Алифбоҷон!

Туро ҳамвор мехонем,
Туро такрор мехонем,
Туро сад бор мехонем,
Алифбоҷон! Алифбоҷон!

Ту ёри хушгили моӣ,
Кушоди мушкили моӣ,
Ту шодии дили моӣ,
Алифбоҷон! Алифбоҷон!

Туро бо ҷон парасторем,
Туро аз даст нагзорем,
Туро мо дӯст медорем,
Алифбоҷон! Алифбоҷон!

пешина
аз 184
навбатӣ