Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
ВАТАН
Ватан аз чашмаи пистони модар мешавад оғоз,
Ватан аз мағз-мағзи ҷони модар мешавад оғоз.
Ватан аз нақҳати оғӯшу наҷвои шабоҳангаш,
Сари гаҳвораву домони модар мешавад оғоз.
Ватан аз шарфаи пои саҳаргоҳи биҳиштияш,
Ҳам аз дуди танӯри нони модар мешавад оғоз.
Ватан аз остони кулбаву девори хаспуваш,
Ҳам аз мусичаи айвони модар мешавад оғоз.
Ватан аз озарахши қуллаҳои абри кӯҳистон,
Баҳору гавҳари борони модар мешавад оғоз.
Ватан аз шоми дидорофари уммедворонаш,
Ватан аз субҳи фарзандони модар мешавад оғоз.
Ватан аз тахти Сомонӣ, Ватан аз бахти Раҳмонӣ, Ватан аз Рустами дастони модар мешавад оғоз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё