Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

II. Методҳои ташкили фаъолият, муносибат ва ташаккули таҷрибаи рафтори ҷамъиятӣ.
Ба гурӯҳи мазкур методҳои ташкили фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-амалӣ, меҳнатӣ, эҷодӣ, бадеӣ, бозиҳо, методҳои иҷро кардани корҳои амалӣ, методҳои машқ, омӯзонидани меъёрҳои рафтор, интизом, рафтори маданӣ мансуб аст.
III. Методҳои ҳавасмандкунии фаъолият ва рафтор.
Методҳои ҳавасмандкунӣ, ҷазодиҳӣ, истифодабарии ақидаҳои ҷамъиятӣ, ибрат ва ғайра дар бар мегирад.
IV. Методҳои назорат, худназораткунӣ, худбаҳодиҳии фаъолият ва рафтор. Ба ин гурӯҳи методҳо дар таълим методҳои вазорати даҳонакӣ, хаттӣ ва лабораторӣ:
дар тарбия методҳои мушоҳида, баҳодиҳӣ (санҷиш), худбаҳодиҳии рафтору интизом дохил мешаванд.
Умуман, аз далелҳои болоӣ маълум мешавад, ки методҳои таълим ва тарбия бо ҳам алоқаманд буда, ҳамдигарро пурра мекунанд ва ба як мақсад нигаронида шудаанд. Алоқаи байни иштирокдорони раванди ягонаи педагогӣ: объект-субъект.
Ҳамчун дигар равандҳои меҳнатӣ дар педагогика ҳам объекти восита, маводҳои меҳнатӣ ҷудо карда мешаванд. Объекти фаъолияти педагогӣ — рушддиҳии шахсият, коллективи хонандагон. Объекти меҳнати педагогӣ ба ғайр аз душвор буданаш, системанокӣ худтанзимкунӣ, худинкишофидиҳӣ, тағйирёбандагӣ, такрорнашавандагӣ дорад.
Мафҳуми субъект ва объекти фаъолияти педагогӣ. Тарбиятгар ва тарбиягиранда чун субъект ва объекти ҷараёни педагогӣ.
Натиҷаи раванд дар вобастагии якҷояамалкунии педагог, истифодабарии технология ҳамроҳи хонанда вобаста аст. Объект ин субъект ҳам ҳаст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. 2) Алоқамандии методҳои таълим ва тарбияро дар раванди яклухти педагогӣ шарҳ диҳед.
    Алоқаи байни иштирокдорони раванди ягонаи педагогӣ: объект ва субъектро шарҳ диҳед.
  2. Хусусиятҳои умумии ҷараёни таълим ва тарбия аз рӯи нишондодҳо: мақсаду вазифа, мазмуну мундариҷа, методу усул, шаклу восита ва натиҷаҳоро дар диаграммаи Венн нишон диҳед.
  3. Рафти як соат дарси синфҳои ибтидоиро мушоҳида намуда, мулоҳизаатонро нависед.
    2.13. Инноватсия (навгониҳо)-и педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Маънои инноватсия ва аҳамияти онро дар раванди педагогӣ шарҳ медиҳанд.
    • Хусусият ва вазифаҳои инноватсияи педагогиро муайян мекунанд.
    • Аз таҷрибаҳои пешқадам ва навгониҳои педагогӣ истифода мебаранд. .
    Нақша:
    • Мафҳум ва моҳияти инноватсия дар раванди педагогӣ.
    • Технология — қисми муҳими инноватсияи низоми педагогӣ.
    • Педагогикаи инноватсионӣ.
    МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ИННОВАТСИЯ ДАР РАВАНДИ ПЕДАГОГӢ
    Дар илми педагогика ворид намудани калимаи «инноватсия» солҳои 80-уми қарни 20-ум ба миён омад. Аввал рӯзноманигорон ва минбаъд шахсони касбӣ барои дар таркиби луғавии педагогика ҷорӣ кардани калимаи «инноватсия» нисбати нишон додани саршавии ҷараёни азнавсозии системаи педагогии ватанӣ кӯшиш ба харҷ, додаанд.
    Инноватсия (аз англ. innovatio — навигарӣ, навӣ — ин дигаргунӣ дар зимни системаҳо аст. Дар шарҳи педагогӣ ва маънои умумии худ инноватсия дар дохили системаҳои педагогӣ навигариро ифода намуда, баҳри беҳтар намудани ҷараён ва натиҷаҳои раванди таълиму тарбия аҳамият дорад. Вале навигарӣ метавонад ҷараёни системаро дигаргун кунад.
пешина
аз 142
навбатӣ