МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар «Педагогикаи касбӣ» моҳияти педагогӣ доштани инноватсия чунин шарҳ ёфтааст: «Инноватсия раванди ташкилкунии маҷмуӣ, паҳнкунӣ ва истифодабарии воситаҳои нави амалӣ (навигарӣ) дар соҳаи техника, технология, педагогика, тадқиқоти илмӣ мебошад». Инноватсия — ин ғоя ва раванд, восита ва натиҷаҳо ва дар якҷоягӣ сифатан такмилдиҳии системаи педагогӣ мебошад.
ТЕХНОЛОГИЯ — ҚИСМИ МУҲИМИ ИННОВАТСИЯИ НИЗОМИ ПЕДАГОГӢ
Раванди педагогӣ, чӣ тавре ки мо медонем, дар системаи педагогӣ сурат мегирад.
Системаи педагогӣ (СП) — ин пайвастагии мустаҳками қисматҳои бо ҳам алоқаманд буда аснои дигаргуниҳо пойдор мемонанд. Агар дигаргуниҳо (навигариҳо) хусусият ва имконияти аз ҳад болоравӣ (бо захираи пойдор) гиранд, онгоҳ. система вайрон мешавад, ба ҷои он бо хислатҳои хоси худ дигар системаи нав ба вуҷуд меояд.
Профессор В. И. Беспалко нисбати системаи педагогӣ менависад: «Системаи педагогӣ — муттаҳиди унсури хеле устувор ва пойдор аст. Сохти ҳар системаи педагогӣ (антиқӣ ва асримиёнагӣ, буржуазӣ ё сотсиалистӣ) дар замони муосир ба таври алоқакунии маҷмуи нусхаҳои унсури зайл тасаввур карда мешаванд: 1 — хонандагон; 2 — мақсади тарбия (умумӣ ва хусусӣ); 3 — мазмуни тарбия; 4 — ҷараёни тарбия (тарбия ва омӯзиши хусусӣ); 5 — омӯзгор ё ки воситаҳои техникии омӯзиш — (ВТО); 6 — шаклҳои ташкилии кори тарбиявӣ». Ҳар кадоми ин қисмҳои системаро метавон ба унсурҳо тақсим кард ва бо дараҷаи гуногун тафсилот дод.
Асосҳое ҳаст, ки сохти системаи мазкурро нопурра бишморем. Қисматҳои муҳими СП ҳамчунин «натиҷаҳо», «идоракунии раванди таълимӣ-тарбиявӣ», «технология» ҳам ба қисмҳо ҷудо карда нашудаанд. Онҳо дар намуди нақшаи СП-и зайл пешниҳод карда мешаванд. Мақсадҳо аз натичаҳои пайвастагии силсилаҳо вобастаанд. Пуррагии мақсадҳо мувофиқ ба натиҷаҳои меъёри муфидонаи умедбахши педагогӣ хизмат мекунад. Идоракунӣ, якҷоякунии ҳамаи қисматҳои СП ба қисматҳои мустақилӣ мансубанд, зеро ки онҳо мақсад ва сохти худро доранд.
Қисматҳои системаовар гуфта, бештар технологияи раванди таълимӣ — тарбиявиро меноманд, ки онро ба маркази алоҳидаи тартиботи омилҳо ҷудо мекунад. Дар чунин муносибат СП — комплекси устувори ташкилию технологӣ гашта, ноилгардонии вазифаву мақсадҳоро таъмин мекунад. Бояд қайд кард, ки системаи педагогӣ ҳамеша технологист. Бо ин аломат СП-ро аз худсарона қабулкунии қисмҳои таркибиро осон фарк, кардан мумкин аст. Технология боби сифати дохилии системаҳо буда, он имконият ва тобеъгардонии бағоят мантиқии ҷиддӣ ташкилкунӣ (ва идоракунӣ) дорад.
Технолог махсусан ба далелҳои хуби маълумгашта, маъқул донисташуда, асосгаштае, ки бешубҳа исбот шудаанд, такя мекунад.
Технолог кори озмоишӣ намебарад, вай ба натиҷаҳои дақиқ сарукор дорад.
Технология ба вариантҷӯӣ ҳам роҳ намедиҳад, вазифаи муҳими он — гирифтани натиҷаи таъминшуда, ки он доим ба таври оддӣ нисбати ҳалли муҳими худ мебошад.
Ҳалли ин муҳимот калиди кушоиши ҳамаи дигар фикрҳо мегардад ва унсури зарурӣ андаруни система мавқеъ меёбад. Аз технология ягон қисмро партофтан мумкин нест ва дар он набояд ягон чизи зиёдатӣ бошад. Фаҳмиш ҳамчун воситаи беҳтарин, алгоритми ноилшавӣ ба мақсади мушаххас мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё