Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Алоқаи фаврии бозгашт дар рафти раванди педагогӣ сари вақт барои иҷрои ислоҳкунӣ мувофиқат карда, ба ҳамкории педагогӣ зарурӣ медиҳад.
Дар марҳалаи хотимавӣ силсилаи раванди педагогӣ бо ҷамъбасткунии таҳлил натиҷаҳои комёбшуда ба поён мерасад. Таҳлили натиҷаҳо барои он лозим ва заруранд, ки дар оянда хатоҳо такрор намеёбад, зеро дар ҳар марҳала хатоҳо бо сабабҳои муайян содир шуда меистанд. Бинобар ин таҳлили ҳамаҷонибаи педагог ва худтаҳлилкунӣ — ин роҳи дуруст ва баланди маҳорати педагогиро ташкил медиҳад.
Дар таҳлили натиҷаҳои муфиди дастрасшуда муҳимаш фаҳмидани сабабҳои аввалини хатоҳоро муайян кардан, дар куҷо, чӣ тавр, кай ва барои чӣ рӯй додани онҳоро аниқ донистан аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки бештари хатоҳо аз сабаби ба раванди ташреҳ ва пешгӯикуниро ба назар нагирифтани педагог cap мезанад.
Чунин раванди таваккалӣ ба хонандагон ба ғайр аз ноумедӣ, бой додани вақт, суст кардани рағбат чизи дигаре дода наметавонад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. 2) Бо кадом методҳо метавон ба мақсади раванди педагогӣ расид?
    Омилҳои пешбарандаи раванди педагогиро муайян намуда дар дафтаратон қайд намоед.
      1. Дар ташкили раванди таълиму тарбия омӯзгор кадом вазифаҳоро бояд иҷро намояд?
        Ба фикри Шумо марҳилаи асосии раванди таълимро кадом машғулиятҳо ташкил медиҳад?
        2.12. Хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи раванди таълиму тарбия Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
        • Аҳамияти вақтро дар раванди педагогӣ дарк мекунанд ва вақтро дар фаъолияти худ самаранок истифода мебаранд.
        • Ҷараёни дарсро ҳамчун марҳилаи асосии раванди таълим мушоҳида намуда, таҳлил мекунанд. .
        • Вақтро дар фаъолияти таълимӣ самаранок истифода карда метавонанд.
        Нақша:
        • Хусусиятҳои ташкили шаклҳои таълим ва ҷараёни тарбия
        • Алоқамандии методҳои таълим ва тарбия дар раванди педагогӣ
        ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛИ ШАКЛҲОИ ТАЪЛИМ ВА ҶАРАЁНИ ТАРБИЯ
        Дар раванди педагогӣ, шаклҳои таълим дарсҳо, семинарҳо, корҳои лабораторӣ, амалӣ, супоришҳои таълимию меҳнатӣ бошад, дар ҷараёни тарбия тадбирҳои тарбиявии коллективӣ, иҷрои супоришҳо, намудҳои гуногуни меҳнати муфид, таъсиррасонии фардии тарбиявиро истифода мебаранд.
        Дар ҷараёни таълим мақоми асосӣ ба омӯзгор тааллуқ дорад, ӯ дар кори худ ба коллективи хонандагон такя мекунад, онҳоро ба ҳамкорӣ, масъулият, интизом даъват менамояд. Ҳангоми хуб ташкил намудани тарбия, коллектив ва фаъолони он аҳамияти калон доранд.
        Ҷараёни таълим дар синф, кабинету лабаратория ва дар асоси нақшаю барномаи таълимӣ мегузарад. Ҷараёни тарбия дар рафти фаъолиятҳои гуногун гузаронида мешаванд, масалан, дар рафти дарс, дар мавриди фаъолияти ҷамъиятӣ, меҳнатӣ, варзишӣ, маданӣ ва ғайра. Дар ҷараёни тарбия таъсири муҳит, воситаҳои ахбори оммавӣ ва ғайра аҳамият дорад.
        АЛОҚАМАНДИИ МЕТОДҲОИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ ДАР РАВАНДИ ПЕДАГОГӢ
        Бо ҳам алоқамандии методҳои таълим ва тарбияро ба назар гирифта, дар адабиётҳои педагогӣ (Масалан: Бабанский Ю. К., Сластенин В. А. и др. Педагогика — М.: Просвещение, 1988. с. 32–33) гурӯҳҳои зерини методҳои педагогиро пешниҳод менамоянд:
        I. Методҳои ташаккули шуури шахсият (ташаккули мафҳумҳо, қонунҳо, ақидаҳо, эътиқод) Ба инҳо методҳои баёни шифоҳӣ лексияҳо, нақл, суҳбат, мубоҳиса ва ғайра.
пешина
аз 142
навбатӣ