Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Дуруст гузоштани мақсад, муайян кардани вазифаҳои раванд бидуни ташхис имконнопазир аст. Ташхиси педагогӣ — ин тадқиқи расму қоидаҳо, ки ба муайянкунии шароит ва мавқеъ равона карда мешавад, барои оне ки раванди педагогӣ маҷрои дуруст гирад. Мақсади асосии он натиҷаҳои пешбинишуда ёрӣ мерасонанд ё монеъ мешаванд, тасаввуроти возеҳ гирифтан аст. Дар раванди ташхис ҳамаи ахборотҳои зарурӣ нисбати имкониятҳои воқеии педагогҳо ва хонандагон, сатҳи тайёрии пештараи онҳо, шароити ҷоришавии раванд ва чанде дигарҳо маълумотҳои муҳим ҷамъ оварда мешавад. Қайд кардан муҳим аст, ки вазифаҳои муайяншудаи аввалин бо натиҷаҳои ташхис ислоҳ карда мешаванд: шароити мушаххас онҳоро зуд-зуд дида баромадан, ба дараҷаи мувофиқи имконияти имконпазирӣ оварданро мекунад.
Ба ташхиси раванд ва натиҷаҳои раванди педагогии пешгӯикунӣ пайравӣ дорад. Моҳияти пешгӯикунӣ аз он иборат ки барои пешакӣ, то шурӯи раванд ба имконияти натиҷабарорӣ дар шароити мавҷуда тахмин карда шаванд. Ба истифода бурдани пешгӯии илмӣ мо метавонем дар бораи он чизе, ки ҳоло нест, пешакӣ параметри раванди назариявиро тахмин намоем. Пешгуикунӣ бо роҳҳои мураккаб иҷро карда мешавад, ки байни иҷрои раванд натиҷаи дилхоҳ ё баръакс медиҳад.
Марҳалаи тайёрӣ бо истеҳсолкунии натиҷаҳои ташхисонӣ ва пешгӯикунӣ, тарҳрезии ташкили раванд, ки баъди пурра коркарди банақшагирӣ хотима меёбад.
Нақша ҳамчун раванд ҳамеша бо системаи муайян вобаста аст. Дар таҷрибаи педагогӣ нақшаҳои гуногун арзи вуҷуд доранд — роҳбарӣ ба раванди таълимӣ-тарбиявӣ дар мактаб, корҳои тарбиявии алоҳида, дарс ва ғ. Нақшаҳои раванди педагогӣ муҳлати муайян доранд. Ҳамин тавр, нақша — ин ҳуҷҷати ҷамъбастӣ, ки ҳар супориш ба кӣ, кай ва чӣ кор кардан дақиқ муайян карда мешавад.
Марҳалаҳои асосӣ — иҷро кардани раванди педагогӣ дар ин марҳала нисбати системае, ки дар худ унсурҳои муҳими ҷудогонаи бо ҳам алоқамандро мегирад, дида мебароем: гузориш ва баёнкунии мақсад ва вазифаҳои ояндаи фаъолият; ҳамкории педагогон ва хонандагон; истифода бурдани методҳои пешбинишуда, воситаҳо ва шаклҳои раванди педагогӣ; барпо намудани шароити мусоид; иҷро кардани ҳавасмандгардонии гуногун нисбати фаъолияти хонандагон; таъмини алоқамандии раванди педагогӣ бо дигар равандҳо. Самарабахшии ин раванд аз мақсаддории гуногуни бо ҳам алоқадории байни унсурҳо, байни ҳамдигар мухолифат накардани онҳо вобаста аст. Масалан, дар рафти ҳамкории педагогӣ назорати фаврии педагогӣ ташкил карда мешавад, ки ин нақши ҳавасмандониро мебозад. Вале агар хусусият, ҳаҷм, мақсади он ба мақсади умумӣ, бо хусусияти раванд итоат накунад, он гоҳ бисёри дигар вазъиятҳои аниқ ба ҳисоб гирифта намешавад, бахусус назорат аз ҳавасмандонӣ ба монеъшавӣ (боздорӣ) табдил меёбад.
Дар ин марҳала нақши ба вуҷудоварии раванди педагогӣ алоқаи бозгашт мебозад, ки ин асоси ҳалли фаврии идоракунии раванд, инкишоф ва мустаҳкамкунии он ба ҳар педагог зарур аст. Маҳз ба он такя намудан роҳи оқилонаи идоракунӣ ва худидоракунии фаъолият мебошад. Ба ин муносибат боз ёдовар мешавем, ки системаи раванди педагогӣ — бо дараҷаи муайян системаи худтанзимдиҳӣ аст, зеро он машғулиятҳоро одамон бо хоҳиши шахсӣ ва озодона интихоб мекунанд.

пешина
аз 142
навбатӣ