МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Доир ба омилҳои инкишофи шахсият кластер тартиб диҳед.
2.10. Асосҳои ташкили раванди яклухти педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Хусусиятҳои раванди педагогӣ ва қисматҳои таркибии онро шарҳ медиҳанд.
• Нақши омӯзгорро дар ташкили раванди яклухти педагогӣ арзёбӣ мекунанд.
• Қонуниятҳо ва марҳилаҳои ташкили раванди педагогиро медонанд ва риоя мекунанд.
Нақша:
• Мафҳуми раванди яклухти педагогӣ
• Асосҳои педагогии ташкил кардани раванди яклухти педагогӣ
• Қонуниятҳои раванди педагогӣ
• Марҳилаҳои раванди педагогӣ
МАФҲУМИ РАВАНДИ ЯКЛУХТИ ПЕДАГОГӢ
Моҳияти ҷараёни педагогӣ. Мафҳум дар бораи ҷараёни педагогӣ. Муассисаҳое, ки дар онҳо тарбиядиҳандагон ва тарбиятгирандагон муташаккилона ҳамкорӣ менамоянд, монанди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омӯзишгоҳҳо, коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва ғайраҳоро системаҳои педагогӣ меноманд.
Раванди ба амал ҷорӣ намудани мақсадҳои таълиму тарбияро дар системаҳои педагогӣ ҷараёни педагогӣ меноманд.
Ҷараёни бутуни ба амал татбиқ намудани тарбия аз рӯи фаҳмиши васеъ бо роҳи таъмини ягонагии таълим, тарбия ва инкишоф мебошад.
Ҷараёни иҷтимоии ба амал омадани вазъияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқ ба маълумот Синоними истилоҳи ҷараёни педагогӣ-раванди таълиму тарбия-маҷмуи машғулиятҳои дарсӣ, корҳоиберуназсинфӣ, беруназмактабие, ки коллективҳои педагогӣ ва хонандагон мегузаронанд.
Калимаи «раванд» маънои равиш дошта, муродифи «ҷараён» — ҷунбиш, ҳаракатро ифода мекунад. «Раванди педагогӣ» — ҷараёни яклухти пешбаранда маҷмуи корҳои таълимӣ, тарбиявии дохилу хориҷи мактабро гӯянд, ки тибқи нақшаи ягонаи инкишофдиҳандаи бо ҳам алоқадори иттиҳоди омӯзгорон ва хонандагон бардавом сурат мегирад. Ин ҷараён баҳри адои мақсад ва вазифаҳои ба миён гузошташудаи дархости ҷомеа равона карда мешавад. Ба таври дигар гӯем, раванди умумии педагогӣ — ин ҷараёнест, ки шахсиятро бо таҷрибаҳои иҷтимоии сифатан нав равона мекунад. Дар адабиёти педагогии солҳои пешин мафҳуми «раванди таълиму тарбия» истифода бурда мешуд. Тадқиқотҳои олимони намоёни ин соҳа нишон доданд, ки ин мафҳум маҳдуд ва нопурра, ҳамаи мараккаботи равандро ифода намекунанд, хусусан, пеш аз ҳама, хусусияти асосии он — яклухтӣ ва умумиятро. Таъмини ягонагии омӯзиш, тарбия ва инкишоф дар асоси яклухтӣ ва умумият моҳияти маънои асосии раванди педагогиро дода метавонад. Дар дигар истилоҳоти «раванди таълиму тарбия» ва «раванди педагогӣ» ва дигар мафҳумҳои ба онҳо алоқадор ба ҳамин шабоҳат доранд.
Ҳоло раванди умумии педагогиро ҳамчун система дида мебароем. Аввалин чизе, ки ба назар мерасад дар он мавҷудияти зиёди зерсистема, ҷорӣ шудани онҳо пайи ҳамдигар ва якҷоягии байни ҳамдигар бо дигар намудҳои бо ҳам робитадор возеҳ мегардад. Системаи раванди педагогӣ ба ягон зерсистемаи худ дохил намешавад.
Раванди педагогӣ ин асоси якҷокунии тамоми системаҳо маҳсуб меёбад. Ба вай рехтаи раванди ташаккул, инкишоф, тарбия ва омӯзиш бо тамоми шароит, ҷараёнҳои шакл ва методҳои онҳо якҷояанд.
Назарияи педагогӣ иқдом гузошта, раванди педагогиро ҳамчун системаи динамикӣ (серамал) донист. Дар зимни он дақиқ ҷудо кардани қисматҳои таркибӣ, пешниҳодҳои таҳлилкунии бисёр алоқадорӣ ва муносибатҳои байни қисматҳо, ки дар амал асоси идоракунии раванди педагогӣ мебошанд, имкониятҳо фароҳам овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё