Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Раванди педагогӣ ҳамчун системаи нобаробар ҷараёнёбӣ дорад. Ба сифати ҷоришавии системаи раванди педагогӣ комилан системаи маориф, мактаб, синф, машғулиятҳои таълимӣ ва дигарҳо дохил мешаванд. Ҳар кадом аз ин системаҳо дар шароити муайяни зоҳирӣ амал мекунанд: ҷуғрофияи табиӣ, ҷамъиятшиносӣ, истеҳсолкунӣ, маданӣ ва дигарҳо. Барои ҳар кадом система шароити ба худ хос ҳам ҳаст. Масалан, ба шароити дохилимактабӣ моддию техникӣ, санитарию гигиенӣ, ахлоқию психологӣ, эстетикӣ ва дигар шароитҳо мансубанд.
Сохт — ин ҷобаҷошавии унсури система аст. Сохти системаҳо мувофиқи меъёр аз унсур (қисматҳо) ва алоқамандии байни онҳо иборатанд. Қайд карда шуда буд, ки фаҳмидани робитадорӣ аз ҳама муҳим, зеро маҳз донистани чӣ бо чӣ ва чӣ тавр алоқаманданд дар раванди педагогӣ, беҳтар ташкилкунии масъала, идоракунӣ ва сифати раванди мазкур мумкин аст. Робитадории системаи педагогӣ ба робитадории байни қисматҳо ва дигар системаҳои динамикӣ монанд нест. Ба мақсад мувофиқ фаъолияткунии педагог дар ягонагии органикӣ бо қисматҳои муҳими воситаҳои меҳнатӣ баромад мекунад.
Барои таҳлил кардани раванди педагогӣ ҳамчун система, бояд меъёри таҳлилро барқарор кард. Ба сифати чунин меъёр метавонад ҳар нишондоди сангзеркунии раванд, шароити ҷоришавии он ё бузургии натиҷаи ноилшуда баромад кунад.
Муҳимаш он, ки вай ба мақсади омӯхтани система ҷавоб дода тавонад. Таҳлил кардани системаи раванди педагогӣ бо тамоми назария имконияти меъёр хеле мушкил ва ба ин ҳеҷ ягон зарурат ҳам нест. Муҳаққиқон фақат ҳамин хел омӯзишро интихоб мекунанд, ки алоқамандии муҳим ва дарки он чизе, ки то ҳол номаълум бошад.
Барои ҷудо кардани системаҳо ва сохти онҳо меъёрҳои ҳамшафатӣ дар илм номаълум истифода бурда мешавад. Вале нисбати системаи ҷоришавии раванд ба сифате, ки мактаб баромад мекунад, фаромӯш набояд кард.
Қисматҳои системаҳое, ки дар онҳо раванди педагогӣ ҷараён дорад — педагогҳо, тарбиягирандагон, шароити тарбия низ ба эътибор гирифта мешавад. Худи раванди педагогӣ бо мақсад, вазифаҳо, мазмун, методҳо, шаклҳои ҳамкории омӯзгорон ва тарбиягирандагон, ноилгардии натиҷаҳоро тавсиф меёбад.
Раванди қисми мақсаднок дар худ ҳамаи андешадҳои гуногун ва вазифаҳои фаъолияти педагогиро мегирад: аз мақсади асосӣ — рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият — то вазифаҳои мушаххаси ташаккули сифатҳои алоҳида ё аносири онҳо.
Пурмазмунии қисм фикрро инъикос мекунад, ҳамчун мақсади умумӣ, инчунин ба ҳар кадом вазифаи аниқ гузошта мешавад, вале фаъолиятнокӣ — якҷоя амалкунии педагогҳо ва тарбиягирандагон, ҳамкории онҳо, ташкил ва идоракунӣ ба раванд, бидуни инҳо ва натиҷаҳои охирини дилхоҳ ноил гаштан ғайриимкон аст. Ин қисм дар адабиёт ташкилӣ ё ташкили идоракунӣ номида мешавад. Ниҳоят, қисми натиҷабахшии раванд таъсирбахшии ҷараён, дигаргунии ноилшавӣ мувофиқи мақсади гузошташударо инъикос мекунад.
Мақсади асосии раванди педагогӣ
Инкишофи ҳаматарафаи инсони мустақили салоҳиятнок ва рақобатпазир Раванди педагогӣ
Қисматҳои раванди педагогӣ — ҷудо кардани элементҳои аз рӯи меъёр қабулкардашуда Қувваҳои ҳаракат кунандаи ҷараёни педагогӣ Ҳамкории субъектҳои тарбия (омӯзгорон ва хонандагон) барои ҳалли масъалаҳои таълим, тарбия, инкишофи умумии инсон

•
Омӯзгорон
Тарбиятгирандагон
Шартҳои тарбия
Ҷузъи мақсаднок
Қисми мундариҷавӣ
Қисми фаъолиятнокӣ
Қисми натиҷавӣ
Зиддиятҳои байни талаботҳои ба хонандагон пешниҳодкардашуда ва имкониятҳои бароҳмонии онҳо Низоми раванди педагогӣ барои таҳлил алоқаи байни қисматҳо ҷудо карда шудааст. Хусусан дар байни онҳо ахборотдиҳӣ, фаъолияти ташкилкунӣ, алоқакунӣ, ки дар раванди ҳамкории педагогӣ зоҳир мешавад, аҳамияти калон дорад.

пешина
аз 142
навбатӣ