МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
ТАЪСИРИ ИРСИЯТ, МУҲИТ ВА ТАРБИЯ БА ИНКИШОФИ ШАХСИЯТ
Инсон баъди таваллуд роҳҳои мураккаби инкишофро тай намуда камолот меёбад. Инкишофи инсон ва ҷараёни дигаргунии миқдорӣ ба сифатӣ буда, он ду намуд дорад: таъғироти анатомию физиологӣ ва дигаргунии руҳӣ-психологӣ. Ба дигаргунии анатомию физиологӣ инкишофи ҷисмонӣ: қад, мушакҳо, вазн, сохти бадан, гардиши хун ва ғайраҳо дохил мешавад. Ба тағийроти руҳӣ-психологӣ, инкишофи тафаккур, диққат, захираи луғавӣ ва ғайраҳо мансубанд.
Ба омилҳои асосии инкишофи шахсият аломатҳои биологии ирсият, муҳит ва тарбия нақши муҳим мебозад.
Ирсият. Хусусият ва аломатҳои ҷисми зинда, ки таърихан ва тадриҷан аз насл ба насл гузариш мекунанд ирсият ном дорад. Ирсият хусусиятҳои гинетикии дар инсон вуҷуддоштаро инъикос карда, аз волидайн ба кӯдакон мегузарад. Ин сохти анатомӣ-физиологӣ буда, ранги пӯст, чашм, абр, мӯй, хусусиятҳои системаи асаб, аломатҳои нутқ, тафаккури одамро дарбар мегирад.
Муҳит. Ба инкишофи шахсият муҳити иҷтимоӣ, шароити иқтисодӣ ва сиёсӣ таъсир мекунад, ба шарте, ки он бо сохти иҷтимоии мавҷуда аз ҷиҳати моддӣ, тарзи зиндагӣ, сохти давлатӣ, системаи истеҳсолот ва муносибатҳои иҷтимоӣ мусоидат кунад. Аз муҳити иҷтимоӣ инсон таҷрибаҳои зиндагиро ёд мегирад. Дар инкишофи инсон воситаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, оила, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, воситаҳои интишори ахбори омма ва ғайраҳо нақши муҳим мебозад. Вале муҳити иҷтимоӣ метавонад таъсири бад ҳам расонад, чунончи майзадагӣ, бесаводӣ ва ғайра.
Тарбия. Омили муайяне, ки дар қатори ирсият ва муҳит ба инкишофи шахсият таъсир мерасонад ин тарбия мебошад. Баробари тараққиёти истеҳсолоти иҷтимоӣ ва мураккаб гаштани муносибатҳои иҷтимоӣ нақши тарбия мунтазам меафзояд. Дар шароити кунунӣ бидуни таълиму тарбияи бардавом ва махсус дар зиндагӣ бархӯрдор иштирок кунонидани инсон мушкил аст. Махсусан тарбия ба сифати воситаи ҳалкунанда баромад мекунад, тавассути он барномаи инкишофи иҷтимоии шахсият, рушди қобилият ва аломати инсон ба вуҷуд меояд.
Ҳаёти воқеие, ки дар шароити он одам инкишоф меёбад, муҳит ном дорад. Ба ташаккулёбии шахсият шароити гуногуни берунӣ, аз он ҷумла муҳити географӣ, иҷтимоӣ, мактабӣ, оилавӣ таъсир мекунад.
Муҳити географӣ, муҳити табиӣ, маҷмуи шароитҳои табиӣ, ки ғайри дахолати инсон, барои ҳаёти тамоми мавҷудот, аз он ҷумла инсон, мусоидат мекунад. Аммо муҳити табиӣ дар навбати баъзе мавриҳо ва дар иддаи қитъаҳо ба инкишофи инсоният монеъ мешавад, чунончи, зилзила, хушксолӣ, обхезӣ, селу жолаборӣ ва ғайра.
Аммо муҳити табиӣ дар инкишофи руҳии шахсият омили ҳалкунанда шуда наметавонад, зеро дар байни тамоми ҷонзот танҳо инсон қобилияти ақлони инкишофёбӣ дорад, ки инро муҳити иҷтимоии солим ва омили тарбия уҳда карда метавонад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- Матнро хонед ва дар дафтаратон ҷадвали «МДД»-ро тасвир намуда, қисматҳои онро дар асоси фаҳмиши худ оиди матни хондашуда пур кунед.
-
-
-
- Омилҳои инкишофи шахсиятро тавсиф намоед.
Ба инкишофи инсон, хусусан, кудак кадом омилҳо бештар таъсир мерасонад?
Барои инсони хубро ба камол расонидан, чӣ тарз бояд тарбия дод?
- Омилҳои инкишофи шахсиятро тавсиф намоед.
-
-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё