Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аммо мавқеи ҳақиқии муаммо чӣ хел аст? Барои чӣ муаммоҳои илмӣ ба вуҷуд меояд?
Фарқияти муаммо аз масъала дар чист? Доираи муаммоҳои илмӣ чӣ хел аст?
Муаммо — ин масъала ё маҷмуи масъалаҳо буда дар ҷараёни инкишофи муҳими амалӣ ва назариявӣ ҳал карда мешавад. Дуруст гузоштани муаммо барои бомуваффақият ҳал кардани он шарти муҳим ҳисобида мешавад. Нодуруст гузоштани муаммо ё муаммои сохта таҳқиқотчиро аз ҳалли муаммои ҳақиқӣ берун мебарад. Ҳангоми гузоштани муаммо аввало, ягон ҳолатро ҳамчун масъала дарк намуда, мазмуни муамморо аниқ фаҳмидан, номаълумро аз маълум ҷудо карда тавонистан лозим меояд.
Муаммоҳои илмӣ ба предмет ё амалиёт доир мебошад. Дар муаммоҳое, ки ба предмет доир ҳастанд объектҳои омӯхташаванда, ба амалиёт доир ҳастанд ба даст овардани дониш ва усулҳои баҳогузории он инъикос меёбад. Дар навбати худ, муаммоҳои предметӣ ва намуди муаммоҳои таҷрибавӣ ва консептуалӣ, муаммоҳои амалӣ бошад — ба методологӣ ва баҳодиҳӣ тақсим мешаванд.
Барои ҳалли муаммоҳои таҷрибавӣ бо баробари таҳлили софи назариявӣ иҷрои амалҳои муайян низ лозим меояд. Чунки муаммоҳои консептуалӣ муроҷиати бевоситаро нисбат ба воқеият талаб намекунад. Аммо баръакс муаммоҳои амалӣ ҳама вақт хусусияти консептуалӣ дорад. Муаммоҳое, ки бо баҳогузорӣ вобаста аст, ҳамчун меъёри иҷрокунандаи нишондодҳо ва ченакҳо қабул мешаванд.
Муаммои таҷрибавӣ аввало ҷустуҷӯи маълумотҳоро дар назар дорад; ба муаммоҳои таҷрибавӣ тавассути як қатор усулҳои илмӣ — мушоҳида, эксперимент, ченкунӣ ҷавоб ёфтан мумкин аст. Fайр аз ин барои ҳалли муаммои таҷрибавӣ сохтани таҷҳизотҳо, омода намудани реактивҳо низ ёрӣ мерасонад.
Муаммоҳои консептуалӣ бошад бо як қатор маълумотҳои пеш гирифта вобаста буда, онҳоро ба тартиб даровардан ва талқин намудан, алоқаҳои сабабу оқибатро муайян намудан ва зиддиятҳоро бартараф карданро дар назар дорад.
Муаммоҳои методологӣ асосан бо нақша гирифтани таҳқиқот вобаста аст:
нақшаҳо оид ба ҳалли муаммоҳо тартиб дода мешавад, тартиби гузаронидани мушоҳида ва эксперимент муайян карда шуда, алгоритмӣ гузаронидани онҳо муайян мегардад ва ғ.
Бояд қайд кард, ки муаммоҳои илмӣ ҳама вақт ҳалли худашро намеёбад: баъзе муаммоҳо дар вақти тӯлонӣ ҳалли худашро ёбад дуюмашон — тамоман ҳал намешаванд сеюмашон — аз маркази эътибори наслҳои оянда дар канор мемонанд.
Ҳамаи муаммоҳоро илмӣ гуфта наметавонем. Асоси муаммоҳои илмиро масъалаҳои илмӣ ташкил мекунад ва вай барои васеъ гардонидани донишнои илмӣ хизмат мекунад.
Муаммои илмӣ аз дигар муаммоҳо бо аломатҳои зерин фарқ мекунад:

  1. Муаммои илмӣ тадқиқотчиро ба гирифтани дониши ҳақиқӣ равона месозад; 2) Ба сӯи навигарӣ бошуурона ҳаракат мекунад; 3) Дониши нав ба вуҷуд меояд.
    Умуман интихоби муаммоҳо хусусияти эҷодӣ дошта, нисбат ба методика бештар ба ҳисси пешакӣ ва таҷриба такя мекунад. Муаммои илмӣ бо таври системаи дидактикӣ ба қонуниятҳои азхудкунии дониш ва усулҳои фаъолияти эҷодӣ такя намуда, дар ҷараёни фаҳмиш ва фаъолияти амалӣ барои инкишофи тафаккури эҷодӣ ҳамчун воситаи самаранок хизмат мекунад. Гузоштани муаммои илмӣ вазифаи мураккаб ва калонҳаҷм мебошад. Вазифаи асосӣ –ба ин ё он мавзуъ мувофиқ муамморо ёфтан, дарк намудан, фарқ кардан ва ба ӯ таърифи амиқ додан аст.
пешина
аз 142
навбатӣ